Тағйири номи кӯчаҳои шаҳри Душанбе идома дорад

Чанде  қабл  иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум таҳти раёсати шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.  Дар радифи вакилони пойтахт, инчунин шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, институтҳои шаҳрвандию иттиҳодияҳои динӣ, кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ, мудирони боғчаву мактабҳои таҳсилоти умумӣ низ дар кори иҷлосия ширкат варзиданд. Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба Хабаргузории […]

Аваз Юлдашев


Чанде  қабл  иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум таҳти раёсати шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. 

Дар радифи вакилони пойтахт, инчунин шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, институтҳои шаҳрвандию иттиҳодияҳои динӣ, кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ, мудирони боғчаву мактабҳои таҳсилоти умумӣ низ дар кори иҷлосия ширкат варзиданд.

Тавре сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба Хабаргузории «Азия-Плюс» иттилоъ дод, дар ин иҷлосия масоили марбут ба риояи волоияти қонун дар ҳудуди пойтахт, омодагӣ ба истиқболи 90-солагии пойтахти кишвар баррасӣ шуданд.

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо  мақсади абадӣ кунонӣ кардани ёдбуди ашхоси барҷастаи фарҳангу санъати тоҷик  номи кӯчаи Свердлови  ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба номи Содиқов Мустафо, кӯчаи   Будёнийи ноҳияи Шоҳмансур ба номи Махсумов Акбар, кӯчаи Софя Ковалевскаяи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба номи Мухторов Аҳрор, кӯчаи Клара Сеткинаи  ноҳияи Сино ба номи Ғаффор Мирзо, кӯчаи  Гастелло ба номи Сайф Раҳимзоди Афардӣ, кӯчаи  Плеханов ба номи Зафар Нозимов, кӯчаи Котовский ба номи Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, кӯчаи  Володарский ба номи Ғуломов Минхоҷ  ва кӯчаи Титовро ба номи Корманди хизматнишондодаи нақлиёти Тоҷикистон Мастонгулов Мирзо иваз кард. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.