Рабуда шудани 5 сокини Панҷакент аз ҷониби марзбонони ӯзбек

Як сокини 70-солаи ноҳияи Панҷакент тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки аз замони аз ҷониби марзбонони ӯзбек боздошт шудани панҷ нафар сокинони маҳаллӣ се рӯз сипарӣ гашта бошад ҳам, то ҳанӯз ҳукуматдорони тоҷик ҳеҷ чорае наандешидаанд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» Норчучук Эшмуродова иттилоъ дод, санаи 10-уми июл ҳамсари 74-солаи ӯ Мардон […]

Меҳрангез Турсунзода



Як сокини 70-солаи ноҳияи Панҷакент тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки аз замони аз ҷониби марзбонони ӯзбек боздошт шудани панҷ нафар сокинони маҳаллӣ се рӯз сипарӣ гашта бошад ҳам, то ҳанӯз ҳукуматдорони тоҷик ҳеҷ чорае наандешидаанд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» Норчучук Эшмуродова иттилоъ дод, санаи 10-уми июл ҳамсари 74-солаи ӯ Мардон Бӯриев, писараш Сулаймон, наберааш Манучеҳр ва ҳамчунин ҳамсояҳояш Исрофил Билолов ва Шоҳрух Қосимов бедарак шудаанд.

«Се рӯз гузашт, вале аз тақдири минбаъдаи онҳо на мақомоти тоҷику на мақомоти ӯзбек ҳеҷ маълумоте намедиҳанд», – мегӯяд зан.

Бо такя ба гуфтаҳои шоҳидон ӯ гуфт, шоми 10-уми июл онҳо дар як замини ҷамоати Фароб машғули кор будаанд, ки 20 нафар марзбонони ӯзбек онҳоро боздошт ва бо худ бурдаанд.

Ба қавли вай, он рӯз ӯ дарҳол ба посгоҳи марзии «Фароб» рафта, ҳамроҳи марзбонони тоҷик аз пайи «дуздон» шудаанд, вале онҳо аллакай дар он сӯй марз қарор доштаанд.

«Ман мудом ба рақами телефонҳояшон занг мезанам, вале онҳо дастнорасанд», – изҳор дошт номбурда ва афзуд, ки онҳоро дар қаламрави Тоҷикистон боздошт намудаанд.

Дар ҳамин ҳол, ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба масъала ОИ «Азия-Плюс» чандин маротиба кӯшиш ба харҷ дод, ки аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ шарҳу тавзеҳ дастрас намояд, вале аз онҳо ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд.

Бино ба иттилои радиои «Озодӣ» бо такя ба гуфтаҳои сокини ҷамоати Моғиёни ноҳияи Панҷакент, дар минтақаи «Окатоб» марзбонони ӯзбек сарҳадро убур намуда, панҷ нафар чӯпонон ва беш аз 2 ҳазору 200 сар гӯсфанд ва 41 сар говро бо худ бурдаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.