Cалом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – 13 июл дар майдони сунъии варзишгоҳи марказии Душанбе миёни дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) ва тими «Истиқлол» (Душанбе) вохӯрии санҷишӣ доир мегардад. Оғози вохӯрӣ соати 18:00; – 13 июл дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Истифодаи механизмҳои СУС барои рушди савдои байнулмилалӣ. Таҷрибаи Чин» семинар-конфронс баргузор мешавад. Оғоз соати 10:00; – […]

ASIA-Plus



Анонс


– 13 июл

дар майдони сунъии варзишгоҳи марказии Душанбе миёни дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16) ва тими «Истиқлол» (Душанбе) вохӯрии санҷишӣ доир мегардад. Оғози вохӯрӣ соати 18:00;


– 13 июл

дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Истифодаи механизмҳои СУС барои рушди савдои байнулмилалӣ. Таҷрибаи Чин» семинар-конфронс баргузор мешавад. Оғоз соати 10:00;


– 14-21 июл

дар шаҳри Пуэбла-де-Сарагосаи Мексика мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба таэквондо (ВТФ) доир мегардад. Дар ин мусобиқот Тоҷикистонро варзишгарон Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов ва Хусрав Ғиёсов намояндагӣ мекунанд;


– 15 июл

дар «Амонатбонк» оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввал нишасти хабарӣ доир мегардад. Оғоз соати 14:00;


– 15 июл

дар Суди олии ҶТ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввал нишасти хабарӣ доир мегардад. Оғоз соати 09:00;


– 15 июл

дар Кумитаи заминсозӣ ва геодезияи назди ҳукумати ҶТ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввал нишасти хабарӣ доир мегардад. Оғоз соати 14:00.



Қурби асъор


1

доллари ИМА  –    

4.7669

сомонӣ;


1

евро                     –    

6.0598

сомонӣ;


1

рубли русиягӣ  –   

0.1475

сомонӣ.



Як рӯзи таърих


13 Июл


1930

– Дар Монтевидео маросими ифтитоҳи мусобиқоти аввалини Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол баргузор шуд.


1962

– Сохта шудани нахустин трактори чархадори К-700 «Кировец».


1925

– Зодрӯзи овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фотима Куинова.


1931

– Мавлуди нависанда Басир Расо.


1941

– Зодрӯзи коргардони кино Бақо Содиқов.


1960

– Мавлуди сароянда Раҳматулло Ҳошимов.


1972

– Зодрӯзи оҳангсоз Равшан Баротов.


14 Июл


2000

– Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии сарони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор шуд.


1896

– Зодрӯзи арбоби намоёни ҳизбиву давлатии ҶШС Тоҷикистон, муборизи фаъоли барқарорсозии ҳокимияти шӯравӣ дар Осиёи Миёна Абдулло Раҳимбоев.


1916

– Мавлуди Рассоми халқии Тоҷикистон Ашӯр Ҳайдаров.


1947

– Зодрӯзи доктори улуми математика Икром Қурбонов.



Вазъи обуҳаво



13-уми июл


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +37+42, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +31+36.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +21+26.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +28+33.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда, дар шарқ баъзан борони кӯтоҳмуддат.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +14+19, рӯзона +29+34;  дар шарқи вилоят шабона +1+6, рӯзона +15+20.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +37+39.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +35+37.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +39+41.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +38+40.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +31+33.



14-уми июл


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан чангу ғубор мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +29+34.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, 14 июл баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, 15 июл дар водиҳо бидуни боришот, дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳӣ борони кутоҳмуддат.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +19+24.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, 14 июл баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, 15 июл дар водиҳо бидуни боришот, дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳӣ борони кутоҳмуддат.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +30+35.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат (дар баландии беш аз 3000 метр барф).

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +12+17, рӯзона +23+28;  дар шарқи вилоят шабона +1+6, рӯзона +12+17.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +34+36.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.