«Тоҷикстандарт»: Дар Тоҷикистон ҳоло маҳсулоти «Ҳалол» нест

Муовини аввали директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҶТ Ибодулло Қурбонов 12-уми июл дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки ягон корхонаи ватанӣ маҳсулоти стандарти «Ҳалол»-ро истеҳсол намекунад. «Ҳалол» барои мусалмонон як тамғаест, ки маҳсулоти мувофиқи  расму русуми мусалмонӣ омода шударо тасдиқ мекунад ва ҷузъи таркибии он аз аносири барои ғизои мусалмонон […]

Меҳрангез Турсунзода


Муовини аввали директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҶТ Ибодулло Қурбонов 12-уми июл дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки ягон корхонаи ватанӣ маҳсулоти стандарти «Ҳалол»-ро истеҳсол намекунад.

«Ҳалол» барои мусалмонон як тамғаест, ки маҳсулоти мувофиқи  расму русуми мусалмонӣ омода шударо тасдиқ мекунад ва ҷузъи таркибии он аз аносири барои ғизои мусалмонон «ҳаром» (масалан, гӯшти хук, гӯшти ҷонварони ҳароммурда, хун) иборат намебошад.

Ба қавли Қурбонов, дар ҳоли ҳозир ба 37 корхонаи ватанӣ стандарти «Ҳалол» дода шудааст ва 14-тои онҳо аллакай ба гирифтани  иҷозатнома дархост ирсол кардаанд. Интизор меравад, ки бархе аз онҳо аллакай 20-уми июл ба истеҳсоли маҳсулоти худ бо назардошти стандарти мазкур шурӯъ мекунанд.

Сардори  Раёсати санҷиш ва назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи стандартҳо ва сифати маҳсулот Назрулло Шарипов иброз дошт, ки дар чанде аз нуқтаҳои савдо маҳсулоти дорои тамғаи «Ҳалол» ба чашм бармехӯрад, аммо ин маҳсулот иҷозатномаи «Тоҷикстандарт»-ро надорад.

«Иҷозатномаи «Ҳалол» ба се забон навиштаҷот дорад. Илова бар он, нахуст маҳсулоти дорои чунин тамға танҳо баъд аз 20-уми июл дар марказҳои савдои кишвар ба фурӯш бароварда мешавад»,-иброз дошт Шарипов.

Мавсуф ҳамчунин афзуд, ки стандарти «Ҳалол» на фақат барои маҳсулоти гӯштӣ, балки барои дигар навъи маҳсулоти ғизоӣ низ таҳия шудааст.

Тавре намояндаи «Тоҷикстандарт» зикр кард: «Дар Агентии мо дар мавриди ин стандарт шӯъбаи махсус амал мекунад ва мутахассисони мо бо Туркия, Малайзия, Қазоқистон ва инчунин бо Шӯрои уламои Федератсияи Русия дар ин самт ҳамкорӣ доранд. Ҳамчунин дар кори гурӯҳе, ки бевосита дар ин самт назорат мебарад, мутахассисон аз Маркази исломии Тоҷикистон ҷалб шудаанд».

Аллакай дар паҳнои ИДМ стандарти «Ҳалол» амал карда истодааст: моҳи апрели соли 2012 Иттифоқи авруосиёии стандартизатсия ва сертификатсияи «Ҳалол» таъсис дода шудааст, ки дафтараш дар Маскав қарор дорад ва ба ҳайати он мақомоти иҷозатномадиҳии Русия, Қазоқистон ва Беларус дохил шудаанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.