«Амонатбонк»: Имсол ҳудуди 300 ҳазор нафақахӯрон бо кортҳои плостикӣ таъмин карда мешаванд

Зимни нишасти хабарии рӯзи 15-уми июл раиси БДА «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова изҳор намуд, ки дар 16 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дастрасӣ ба нафақа тавассути кортҳои плостикӣ ба роҳ монда шудааст. Ба қавли вай, айни замон беш аз 255 ҳазор нафар нафақахӯрон аз чунин кортҳо истифода намуда, то ахири сол ҳудуди 300 ҳазор нафар нафақахӯрони ҷумҳурӣ ройгон бо […]

Пайрав Чоршанбиев


Зимни нишасти хабарии рӯзи 15-уми июл раиси БДА «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова изҳор намуд, ки дар 16 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дастрасӣ ба нафақа тавассути кортҳои плостикӣ ба роҳ монда шудааст.

Ба қавли вай, айни замон беш аз 255 ҳазор нафар нафақахӯрон аз чунин кортҳо истифода намуда, то ахири сол ҳудуди 300 ҳазор нафар нафақахӯрони ҷумҳурӣ ройгон бо кортҳои плостикӣ барои дастрасӣ ба нафақа таъмин карда мешаванд.

«Дар баъзе манотиқи ҷумҳурӣ пардохти нафақа тариқи кортҳои плостикӣ бинобар сабаби мавҷуд набудани зербинои зарурӣ мушкил аст, масалан зимистон дар баъзе манотиқ камбуди нерӯи барқ ба мушоҳида мерасад, ки бидуни он банкоматҳо фаъолият карда наметавонанд», – иброз дошт Ҳасанова.

Раиси «Амонатбонк» зикр кард, ки феълан дар саросари кишвар 61 адад банкомат ва 208 адад пост-терминалҳои бонк амал мекунанд.

«Имрӯз дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 623 ҳазор нафақахӯрон ба сар мебаранд, ки ба ин шумор ҳам нафақахӯрони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳам нафақахӯрони дигар шомиланд», – гуфт ӯ.

Номбурда таъкид дошт, ки ҳар моҳ барои пардохти нафақапулӣ 123 млн. сомонӣ маблағ хароҷот мешавад, ки 10 млн. сомонии он ба нафақахӯрони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мансуб аст. Ҳадди ақали ҳаҷми нафақа дар ҷумҳурӣ айни замон 150 сомониро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.