Додоҷон Атовуллоевро бозпас ба Прага фиристоданд

Пешвои созмони мухолифи «Ватандор» Додоҷон Атовуллоев айни замон дар пойтахти Чехия – шаҳри Прага қарор дорад. Дар саҳифаи фейсбукии худ ӯ менависад, ки хадамоти махсуси Русия вуруди ӯ ба ин кишварро манъ намуда, харидани билети бозгашт ба Прагаро пешниҳод карданд ва ӯ ба ин розӣ шудааст. «Маро ҳангоми азназаргузаронии шиносномаҳо боздошт ва ба утоқи махсус […]

ASIA-Plus


Пешвои созмони мухолифи «Ватандор» Додоҷон Атовуллоев айни замон дар пойтахти Чехия – шаҳри Прага қарор дорад. Дар саҳифаи фейсбукии худ ӯ менависад, ки хадамоти махсуси Русия вуруди ӯ ба ин кишварро манъ намуда, харидани билети бозгашт ба Прагаро пешниҳод карданд ва ӯ ба ин розӣ шудааст.

«Маро ҳангоми азназаргузаронии шиносномаҳо боздошт ва ба утоқи махсус роҳнамоӣ карданд. Дақиқаҳои аввал дарвоқеъ ҳам воҳиманок буданд, зеро касе бо ман гуфтугӯ намекард ва одамон нигоҳашонро аз ман гурезонида, танҳо супориш медоданд, ки ин тараф нишинеду интизор бошед. Ба ман муяссар шуд, ки занг занам ва акнун тавре ки дарк мекунам, дар хабаргузориҳо бобати боздошти ман маълумот интишор гардид. Маҳз баъди ин муносибат бо ман ба тавру куллӣ тағйир ёфт, одамон акнун ба ман табассум намуда, қаҳваву тамоку пешниҳод ва шӯхиҳо мекарданд. Яъне одамон ошкоро (ва бо дили нохоҳам) супориши касеро иҷро мекарданд. Ҳангоме ки дар бораи қатъи ин амал огоҳӣ гирифтанд, ҳатто хушнудӣ ҳам карданд, ки дар ин иқдоми қабеҳ иштирок нахоҳанд кард», – изҳор мекунад Атовуллоев.

Дар ҳамин ҳол, журналисти мухолиф менависад, ки аз сабаби манъи вурудаш ба Русия огаҳӣ надорад. Ба қавли Атовуллоев, раводиди ӯ солона буда, бо он чандин маротиба марзи Русияро убур ва боре ҳам боздошт нашудааст. «Ва акнун ногаҳон ба утоқи махсус роҳнамоӣ карданд. Ман бар ин назарам, ки ба хотири ҳифзи эътибори худ Русия бояд ин қазияро тафтиш ва ошкор намояд, ки бо супориши кӣ ман боздошт шудам», – зикр мекунад Атовуллоев.

Ёдрас мекунем, ки дирӯз, 15-уми июл, дарҳол пас аз фуруд омадан ба майдони ҳавоии Шереметевои Маскав аз Прага пешвои созмони мухолифи «Ватандор» Додоҷон Атовуллоев боздошт шуд.

Қобили зикр аст, ки журналисти тоҷик ва роҳбари ҳаракати мухолифи «Ватандор» Додоҷон Атовуллоеви 56-сола бо интиқоди шадид аз ҳукумати Тоҷикистон ва президент Эмомалӣ Раҳмон маъруфият касб кардааст. Солҳои ахир ӯ дар Русия ва Олмон зиндагӣ дорад.

Соли 2011 Прокуратураи генералии Тоҷикистион бори навбатӣ нисбати Д.Атовуллоев парвандаи ҷиноӣ боз намуда, истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро тақозо намуд, вале ин дархост низ ба мисли дархостҳои пешин аз ҷониби Русия ба инобат гирифта нашуд.

Дар ҳамин ҳол, нимаи моҳи майи соли равон дар шабакаи телевизионии «К+» ва видеохостинги YouTube сабти видеоӣ аз маъракаи тӯйи хонадоршавии писари президенти Тоҷикистон ва як қатор барнмаҳои дигар ба маърази тамошо гузошта шуд, ки дар он президенти Тоҷикистон мавриди интиқод қарор мегирад. Муаллифи барномаҳо Додоҷон Атовуллоев ва сабти видеоиро ӯ шарҳу тавзеҳ медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.