Хурӯҷи бемории сӯхтанӣ дар шимоли ҷумҳурӣ

Дар ноҳияҳои Панҷакент ва Айнии вилояти Суғд дар 6 нафар аломатҳои гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ (сибирская язва) ошкор шудаанд. Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали сардухтури пойгоҳи санитариву эпидемиологии вилояти Суғд Насибҷон Икромов ин хабарро тасдиқ намуда, изҳор дошт, ки дарвоқеъ ҳам дар 2 нафар сокинони ноҳияи Айнӣ ва 4 нафар сокинони ноҳияи […]

Шероз Шарифов


Дар ноҳияҳои Панҷакент ва Айнии вилояти Суғд дар 6 нафар аломатҳои гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ (сибирская язва) ошкор шудаанд.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали сардухтури пойгоҳи санитариву эпидемиологии вилояти Суғд Насибҷон Икромов ин хабарро тасдиқ намуда, изҳор дошт, ки дарвоқеъ ҳам дар 2 нафар сокинони ноҳияи Айнӣ ва 4 нафар сокинони ноҳияи Панҷакент аломатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ ошкор гардида, беморони ноҳияи Панҷакент дар худи ноҳия ва беморон аз ноҳияи Айнӣ ба беморхонаҳои шаҳри Хуҷанд оварда шудаанд.

Сарчашмаи гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ ҳайвоноти хонагӣ (шутур, хук, гов, асп, гӯсфанд ва бузҳо) мебошанд. Сироятпазирӣ ҳангоми нигоҳубини онҳо ва коркарди гӯшт ва ҳамчунин алоқа бо пӯсту пашми онҳо сурат мегирад. Ангезандаи беморӣ метавонад хамчунин аз хок, тавассути захмҳои пӯст, исеъмоли ғизои сироятёфта ё нафасгирии чанги зарардида ба организми инсон ворид гардад.

Аломатҳои беморӣ дар тағйирёбии пӯст дар қисмати сироятёфта зоҳир мегардад, ки он аввал сурхчаву доғдор шуда, сипас дар ҷойи он варам пайдо мешавад. Минбаъд ин варам ба захму яра мубаддал мегардад. Ҳамаи ин тағйирот дар муддати якчанд соат сурат мегиранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.