Беш аз 300 ҳазор метри мураббаъ манзил дар зарфи ним сол

spot_imgspot_img

Дата:


Нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар ин давра мактабҳои таҳсилоти умумии нав бо 2 ҳазор ҷойи нишаст, дармонгоҳҳои дорои имкони қабули 312 беморон дар як баст ва бемористонҳо барои 100 кат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, айни замон нақшаҳои генералии 30 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ таҳия ва мавриди амалисозӣ қарор доранд.

Дар Агентӣ зикр карданд, ки имрӯз корҳои омодасозӣ ва тасҳеҳи нақшаҳои генералии шаҳру навоҳии Панҷакент (95%), Қайроққум (70%), Мӯъминобод (60%), Ғончӣ (40%), Восеъ (40%), Ҷомӣ (25%), Бохтар (35%) ва Ванҷ (50%) идома доранд.

Популярное

Похожие материалы