Таъсиси иттиҳоди донишҷӯёни тоҷик дар Новосибирск

Зимни мулоқот бо вазири маориф, илм ва сиёсати иннноватсионии вилояти Новосибирски Русия корманди намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ таъсиси як ҷамъият ё маҳфили муттаҳидсози донишҷӯёни тоҷик дар ин вилоятро пешниҳод намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия хабар доданд, таъсиси як иттиҳод ба донишҷӯёни тоҷик на танҳо баҳри иштироки […]

ASIA-Plus


Зимни мулоқот бо вазири маориф, илм ва сиёсати иннноватсионии вилояти Новосибирски Русия корманди намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ таъсиси як ҷамъият ё маҳфили муттаҳидсози донишҷӯёни тоҷик дар ин вилоятро пешниҳод намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия хабар доданд, таъсиси як иттиҳод ба донишҷӯёни тоҷик на танҳо баҳри иштироки фаъолона дар ҷашнҳои давлативу миллӣ, балки ба ташкилу роҳандозии ба ин монанд чорабиниҳо аз ҷониби худи онҳо имкони мусоид фароҳам меоварад.

«Мо ин пешниҳодро дастгирӣ намуда, баҳри бо иштироки донишҷӯёни тоҷики муқими вилояти Новосибирск доир кардани чорабиниҳои ҷамъиятиву фарҳангӣ ҳамаҷониба мусоидат хоҳем кард», – ибрроз доштааст вазири маориф, илм ва сиёсати иннноватсионии вилояти Новосибирск Владимир Никонов.

Ба қавли номбурда, дар доираи созишномаҳои байнидавлатӣ ва тибқи квотаи президентӣ айни замон дар макотиби олии вилояти Новосибисрк 220 нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсили илм доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.