Беш аз 300 ҳазор метри мураббаъ манзил дар зарфи ним сол

Нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар ин давра мактабҳои таҳсилоти умумии нав бо 2 ҳазор ҷойи нишаст, дармонгоҳҳои дорои имкони қабули 312 беморон дар як баст ва бемористонҳо барои […]

Пайрав Чоршанбиев


Нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар ин давра мактабҳои таҳсилоти умумии нав бо 2 ҳазор ҷойи нишаст, дармонгоҳҳои дорои имкони қабули 312 беморон дар як баст ва бемористонҳо барои 100 кат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, айни замон нақшаҳои генералии 30 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ таҳия ва мавриди амалисозӣ қарор доранд.

Дар Агентӣ зикр карданд, ки имрӯз корҳои омодасозӣ ва тасҳеҳи нақшаҳои генералии шаҳру навоҳии Панҷакент (95%), Қайроққум (70%), Мӯъминобод (60%), Ғончӣ (40%), Восеъ (40%), Ҷомӣ (25%), Бохтар (35%) ва Ванҷ (50%) идома доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.