Пешвоёни ғайрасмии ВМКБ ба пардохти қарзи «Амонатбонк» шитоб надоранд

spot_imgspot_img

Дата:


То имрӯз ҳамагӣ нисфи маблағи ба сифати қарз аз БДА «Амонатбонк» дастраскардаи пешвоёни ғайрирасмии ВМКБ ба бонк баргардонида шудааст.

Раиси БДА «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки ҳанӯз соли гузашта вобаста ба пардохти ин қарзҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, тамоми асноди зарурӣ ба Прокуратураи генералӣ супурда шудаанд. «Бо масъалаи пардохти ин қарзҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машғуланд ва бо ворид шудани воситаҳо, онҳоро ба бонк мефиристанд», – иброз дошт вай.

Раиси «Амонатбонк» аз шарҳу тавзеҳи минбаъда оид ба ин масъала худдорӣ варзида, тавсия дод, ки барои дастрас кардани маълумоти муафссал дар ин хусус ба прокуратура муроҷиат карда шавад.

Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми умумии қарзҳои зикршуда 1 млн. 265 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Қарзҳо соли 2008 ба хешовандону наздикони пешвоёни ғайрирасмии Бадахшон Ёдгор Мамадасламов (700 ҳазор сомонӣ) ва Толиб Айёмбеков (565 ҳазор сомонӣ) дода шудаанд. Аммо дар муҳлати муқарраршуда қарзҳо ба «Амонатбонк» баргардонида нашуданд ва дар ин робита Прокуратураи генералӣ ба Мамадасламов ва Айёмбеков айбномаҳои нав пешниҳод намуд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...