Бозии футбол дар Маскав баҳри дастгирии Зайд Саидов

spot_imgspot_img

Дата:


Дар Маскав ба хотири дастгирии Зайд Саидов бозии футбол баргузор шуд. Футболозони тоҷике, ки футболкаҳо бо навиштаҷоти «Озодӣ ба Зайд Саидов!»-ро дар бар доштанд, бо шаҳрвандони Ӯзбекистон қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 5 бар 4 дастболо шуданд.

Иқдоми баргузории вохӯрии байнулмилалии мазкур аз ҷониби гурӯҳи ташаббускори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Маскав сурат гирифт. Қаблан низ дар Маскав як иқдоме баҳри дастгирии Зайд Саидов сурат гирифта, ба сокинон ва меҳмонони пойтахти Русия чунин футболкаҳо тақдим гардида буданд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» узви гурӯҳи ташаббускор Темур Варқӣ хабар дод, ҳадаф аз иқдоми зикршуда изҳори мавқеи шаҳрвандӣ ва ҳамраъйӣ бо Зайд Саидов, пайвастан ба изҳороти ҷомеа ва зиёиёни ҳақиқӣ бо даъват аз ҳукуматдорон ба риояи қонуният дар қазияи соҳибкор аст.

«Ҳадафи вохӯрӣ таҷҷасум намудани он аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон рамаи хомӯши ғуломон набуда, мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ доранд, зеро дар Русия шояд қисмати бештар фаъол ва мустақили шаҳрвандони мо кору зиндагӣ доранд», – иброз дошт Варқӣ.

Ба гуфтаи ӯ, агар дар Душанбе барои иштирокчиёни вохӯрӣ монеъа эҷод нагардад, баргузории чунин бозӣ дар пойтахти Тоҷикистон ва дигар шаҳрҳои Русия низ дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов 19-уми майи соли равон дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо ба ватан дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуд. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои вазнини иқтисодӣ тӯли солҳои 2005-2006, замони вазири саноати ҷумҳурӣ буданаш гумонбар дониста мешавад.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...