Бозии футбол дар Маскав баҳри дастгирии Зайд Саидов

Дар Маскав ба хотири дастгирии Зайд Саидов бозии футбол баргузор шуд. Футболозони тоҷике, ки футболкаҳо бо навиштаҷоти «Озодӣ ба Зайд Саидов!»-ро дар бар доштанд, бо шаҳрвандони Ӯзбекистон қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 5 бар 4 дастболо шуданд. Иқдоми баргузории вохӯрии байнулмилалии мазкур аз ҷониби гурӯҳи ташаббускори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Маскав сурат гирифт. Қаблан низ дар Маскав […]

ASIA-Plus


Дар Маскав ба хотири дастгирии Зайд Саидов бозии футбол баргузор шуд. Футболозони тоҷике, ки футболкаҳо бо навиштаҷоти «Озодӣ ба Зайд Саидов!»-ро дар бар доштанд, бо шаҳрвандони Ӯзбекистон қувваозмоӣ намуда, бо ҳисоби 5 бар 4 дастболо шуданд.

Иқдоми баргузории вохӯрии байнулмилалии мазкур аз ҷониби гурӯҳи ташаббускори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Маскав сурат гирифт. Қаблан низ дар Маскав як иқдоме баҳри дастгирии Зайд Саидов сурат гирифта, ба сокинон ва меҳмонони пойтахти Русия чунин футболкаҳо тақдим гардида буданд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» узви гурӯҳи ташаббускор Темур Варқӣ хабар дод, ҳадаф аз иқдоми зикршуда изҳори мавқеи шаҳрвандӣ ва ҳамраъйӣ бо Зайд Саидов, пайвастан ба изҳороти ҷомеа ва зиёиёни ҳақиқӣ бо даъват аз ҳукуматдорон ба риояи қонуният дар қазияи соҳибкор аст.

«Ҳадафи вохӯрӣ таҷҷасум намудани он аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон рамаи хомӯши ғуломон набуда, мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ доранд, зеро дар Русия шояд қисмати бештар фаъол ва мустақили шаҳрвандони мо кору зиндагӣ доранд», – иброз дошт Варқӣ.

Ба гуфтаи ӯ, агар дар Душанбе барои иштирокчиёни вохӯрӣ монеъа эҷод нагардад, баргузории чунин бозӣ дар пойтахти Тоҷикистон ва дигар шаҳрҳои Русия низ дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов 19-уми майи соли равон дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо ба ватан дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуд. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои вазнини иқтисодӣ тӯли солҳои 2005-2006, замони вазири саноати ҷумҳурӣ буданаш гумонбар дониста мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.