Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳаҷми ҳудуди 1 млрд. $ дар 6 моҳ

Дар зарфи 6 моҳи соли равон корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи умумии зиёда аз 4 млрд. 456 млн. сомонӣ (қариб 940 млн. $) маҳсулот истеҳсол карданд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 6,6 % афзудааст. Дар маълумоти Агентии омор зикр […]

ASIA-Plus


Дар зарфи 6 моҳи соли равон корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи умумии зиёда аз 4 млрд. 456 млн. сомонӣ (қариб 940 млн. $) маҳсулот истеҳсол карданд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 6,6 % афзудааст.

Дар маълумоти Агентии омор зикр мегардад, ки афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, пеш аз ҳама аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсолот дар корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноат, аз ҷумла ширкати энергохолдингии «Барқи тоҷик», истихроҷи нафту гази табиӣ, саноати истихроҷи ангишт, навъҳои алтернативии энергия ва саноати кӯҳкорӣ таъмин карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ ҳиссаи саноати истихроҷ – 12,4%, саноати коркард – 64,9%, истеҳсол ва тақсимоти электроэнергия, газ ва об – 22,7%-ро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, дар ин давра аз шумори 90 номгӯи маҳсулоти муҳими саноатӣ дар 52 номгӯи он (57,8%) ҳаҷми истеҳсол боло  рафта, дар 25 номгӯй (27,8%) истеҳсол коҳиш ва дар 13 номгӯй (14,4%) маҳсулот истеҳсол нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар маълумоти Агентии омор таъкид мегардад, ки тӯли моҳҳои январ-июни соли равон як қатор корхонаҳои бузурги саноатии ҷумҳурӣ, аз ҷумла КВД «Ширкати алюминии тоҷик» ба иллати камбуди гази табиӣ бо иқтидори пурра фаъолият накарда, дар КМ «Азот» ва ҶСК «Тоҷиксемент» маҳсулот истеҳсол нашудааст.

Ҳамчунин дар робита ба норасоии ашёи хом, аз нисф зиёди корхонаҳои коркарди нахи пахта низ бо иқтидори пурра фаъолият накардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.