Роҳандозии ҳамкориҳои олимони Тоҷикистону Чин

Бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон чанде қабл мулоқоти директори Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи улуми ҷумҳурӣ Олимҷон Бобоев бо ҳайати Донишгоҳи молия ва иқтисоди Синтзяни Чин баргузор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, олими тоҷик ба ҳамтоҳои чинии худ – директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти Осиёи Марказӣ Чжан Венчжун ва дотсенти Донишкадаи савдои […]

Аваз Юлдошев


Бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон чанде қабл мулоқоти директори Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи улуми ҷумҳурӣ Олимҷон Бобоев бо ҳайати Донишгоҳи молия ва иқтисоди Синтзяни Чин баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, олими тоҷик ба ҳамтоҳои чинии худ – директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти Осиёи Марказӣ Чжан Венчжун ва дотсенти Донишкадаи савдои байнулмилалӣ ва молия Ху Ин дар бораи фаъолияти пажӯҳишгоҳи таҳти роҳбарии ӯ қарордошта маълумот дода, зикр намуд, ки муассиса ба омӯзиши масоили таҷдиду азнавсозии иқтисод дар партави таҷрибаи иқтисоди ҷаҳонӣ, азнавсозии бахшҳои соҳавии он, пешгӯиву тарҳрезии рушди минбаъдаи иқтисод ва ҳамчунин масъалаҳои ташаккули оила, мизони таваллуду маргумир ва мушкилоти муҳоҷират машғул аст.

Ба иттилои манбаъ, Бобоев ҳамчунин зикр кардааст, дар пажӯҳишгоҳ масъалаи нақши Чин дар рушди Тоҷикистон ҳамчун яке аз шарикони асосии хориҷии кишвар низ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дошта, ба самтҳои нави таҳқиқот – менеҷмент ва маркетинги байнулмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.

Гуфта мешавад, олимони Чин изҳор намудаанд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Донишгоҳи молия ва иқтисоди Синтзян ба ҳамкориҳои Чин ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст. Меҳмонон ба роҳандозии ҳамкорӣ бо олимони тоҷик дар масъалаҳои равандҳои ҳамгиройӣ, иқтисод ва муҳоҷират ҳавасмандӣ зоҳир намудаанд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон боз як ниҳоди нав таъсис ёфт

Эмомалӣ Раҳмон ба қарори таъсисаш имзо гузошт.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.