Дар роҳҳои Душанбе 30 троллейбуси нав ба ҳаракат медароянд

Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои харидани 15 адад нақлиёти барқӣ (троллейбус)-и тамғаи «Оптима» ва  15 адад машинокомплекти нақлиёти барқии ҳамин тамға барои насб ва истеҳсоли минбаъда дар КВД «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед»-и шаҳри Душанбе маблағ ҷудо намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, машинокомплекти нақлиёти барқӣ барои истеҳсоли троллейбусҳо ба маблағи 9 […]

ASIA-Plus


Мақомоти шаҳрдории Душанбе барои харидани 15 адад нақлиёти барқӣ (троллейбус)-и тамғаи «Оптима» ва  15 адад машинокомплекти нақлиёти барқии ҳамин тамға барои насб ва истеҳсоли минбаъда дар КВД «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед»-и шаҳри Душанбе маблағ ҷудо намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, машинокомплекти нақлиёти барқӣ барои истеҳсоли троллейбусҳо ба маблағи 9 млн. 408 ҳазор сомонӣ аз ҶДММ «Тролза-Маркет»-и шаҳри Энгелси Русия харидорӣ шуда, ҷиҳати харидани 15 адад троллейбуси тайёри тамғаи «Оптима» аз буҷети шаҳр 9 млн. 555 сомонӣ маблағ ҷудо шуд.

«Троллейбусҳо дар КВД «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед»-и шаҳри Душанбе истеҳсол гардида, ин дар навбати худ, ба фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ барои аҳолии пойтахт мусоидат мекунад», – зикр мегардад дар иттилои мақомоти шаҳрдорӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.