Ш.Назаров: Тафтиши ҳодисаи қатли оилаи Бобоевҳо идома дорад

Зимни нишасти хабарӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли равон сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд генерал-майор Шариф Назаров аз афзоиши мизони ҷинояткорӣ дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ намуд. Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 2 ҳазору 391 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки […]

Мавлуда Рафиева


Зимни нишасти хабарӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли равон сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд генерал-майор Шариф Назаров аз афзоиши мизони ҷинояткорӣ дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ намуд.

Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар қаламрави вилоят 2 ҳазору 391 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 363 ҷиноят зиёдтар аст.

Ш.Назаров зикр кард, ки дар ин давра 25 далели одамкушӣ (ҳамин давраи соли 2012 – 18 далел) ба қайд гирифта шудааст, ки дар 23 ҳолат ин ҷиноятҳо ошкор гардидаанд.

«Ҷиноятҳои қатли оилаи Бобоевҳо иборат аз 5 нафар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва посбони «Амонатбонк» дар ноҳияи Ашт то ҳол нокушода боқӣ монда, корҳои фавриву ҷустуҷӯӣ оид ба ошкор сохтани афроди ба ин ҷиноятҳо дастдошта идома дорад», – иброз дошт сардори Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки мизони ошкорсозии ҷиноятҳо дар ин давра 93,76%-ро ташкил додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.