Раҳимов: Мақомоти қудратӣ ба пешгирии ҳама гуна иғвоҳо дар давраи интихобот омодаанд

Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов изҳор намуд, ки мақомоти қудратии кишвар ба пешгирии ҳама гуна сенарияи гурӯҳҳои ҷудогона дар маъракаи интихоботи президенти ҷумҳурӣ омодаанд. Ба қавли ӯ, ҷиҳати такмили малакаҳо дар мавриди таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии бенизомиҳо, бо воҳидҳои махсуси милиса як силсила машғулияту тамринҳо гузаронида шуданд. «Ҳеҷ кас […]

Аваз Юлдошев


Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов изҳор намуд, ки мақомоти қудратии кишвар ба пешгирии ҳама гуна сенарияи гурӯҳҳои ҷудогона дар маъракаи интихоботи президенти ҷумҳурӣ омодаанд.

Ба қавли ӯ, ҷиҳати такмили малакаҳо дар мавриди таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии бенизомиҳо, бо воҳидҳои махсуси милиса як силсила машғулияту тамринҳо гузаронида шуданд.

«Ҳеҷ кас инкор карда наметавонад, ки дар ҳама гуна ҷомеа гурӯҳҳое мавҷуданд, ки рӯйдодҳои вақти кишвар табъи дилашон нест ва онҳо ба изҳори норозигиашон бо роҳи ғайриқонунӣ омодаанд ва имрӯз мақомоти қудратӣ ба пешгирӣ ва посух ба ин гуна афрод ва амалҳои иғвогаронаи онҳо қодиранд», – таъкид дошт вазир.

Дар посух ба саволи журналистон дар бораи сабаби аз моҳи апрел ба посбонии шабона фаро гирифта шудани намояндагони мақомоти қудратӣ дар баробари кормандони милиса, Раҳимов чунин изҳор кард: «Ин ба чорабиниҳои муҳими дар шаҳри Душанбе пешбинишуда рабт дорад».

«Ғайр аз ин, дар давраи посбонӣ кормандони Вазорати мудофиа ва Гвардияи миллӣ таъмини ҳифзи иншооти ба зимма гузоштаашонро пурзӯр мекунанд. Дар маҷмӯъ гуфта метавонам, ки посбонии шабона натиҷа ба бор меоварад – фазои шаҳр оромтар гардида, як қатор ҷиноятҳо ошкор ва пешгирӣ шуданд. Кормандоне, ки шабона посбонӣ мекунанд, рӯзона аз кор озоданд», – афзуд вазир.

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз моҳи апрел кормандони мақомоти интизомӣ (Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар ва Агентии зиддифасод)

мунтазам ба посбонии шабона дар пойтахт машғуланд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов