Мусодираи беш аз 4,4 кг ҳашиш дар Суғд

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ медиҳад, ки кормандони мақомоти корҳои дохилии Вилояти Суғд дар ҷараёни корҳои фаврию ҷустуҷӯйӣ дар шаҳри Хуҷанд гузаронидашуда беш аз 4,4 кг ҳашиш мусодира карданд. Зикр карда мешавад, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ ва ҷустуҷӯйӣ аз ҷониби кормандони РВКД дар вилояти Суғд ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи […]

Азия-Плюс



Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ медиҳад, ки кормандони мақомоти корҳои дохилии Вилояти Суғд дар ҷараёни корҳои фаврию ҷустуҷӯйӣ дар шаҳри Хуҷанд гузаронидашуда беш аз 4,4 кг ҳашиш мусодира карданд.

Зикр карда мешавад, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ ва ҷустуҷӯйӣ аз ҷониби кормандони РВКД дар вилояти Суғд ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор шаҳрванди 28- солаи шаҳри Хуҷанд дастгир карда шуда, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ ба миқдори 4 килою 422 грамм маводи нашъадори навъи «ҳашиш» дарёфт ва мусодира карда мешавад. Аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 200 қисми 4 КҶ ҶТ  парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Тибқи омори ВКД-и ҶТ, кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурӣ дар зарфи  нимсолаи аввал аз гардиши ғайриқонунӣ 1 тоннаву 555 кг воситаҳои нашъаовар, аз он ҷумла 152 кг героин,  беш аз 149,5 кг афюн, 669 кг воситаҳои нашъаовари навъи каннабия ва 584 кг ҳашиш мусодира кардаанд. Ба иттилои ВКД-ии Тоҷикистон 41,5%-и ҳаҷми умумии мухадироти мусодиранамудаи тамоми сохторҳои кудратии кишвар рост меояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.