Кумитаи ҳолатҳои фавқулода то охири сол соҳиби 8 техникаи наҷотбахши тахассусӣ мегардад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Тоҷикистон то охири сол соҳиби 8 василаи нақлиёти  тахассусии наҷотбахш мегардад. Тавре муовини аввали раиси ин Кумита генерал-майор Абдусатор Хушвахтов рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, барои харидории ин техникаҳо аллакай 5 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. «Аз ҳашт василаи нақлиётии пешбинишуда, ки дар корхонаҳои […]

Азия-Плюс



Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Тоҷикистон то охири сол соҳиби 8 василаи нақлиёти  тахассусии наҷотбахш мегардад.


Тавре муовини аввали раиси ин Кумита генерал-майор Абдусатор Хушвахтов рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, барои харидории ин техникаҳо аллакай 5 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.


«Аз ҳашт василаи нақлиётии пешбинишуда, ки дар корхонаҳои Русия бароварда шудаанд, панҷтояш аллакай моҳи сентябр вориди  кишвар  мешаванд»,- гуфт ӯ.


Ба қавли Хушвахтов, арзиши ҳар як аз ин мошинҳо аз 80 ҳазор то 150 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Мавсуф таъкид кард, ки соли гузашта Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳамагӣ ду воҳиди техникаи тахассусиро харидорӣ кардааст.


Дар ин ниҳод иброз доштанд, ки то кунун фақат  наҷотбахшони пойтахт ва вилояти Суғд чунин техникаҳоро дар ихтиёр доранд.

«Дар нақша аст, ки ояндаи наздик ҳамчунин ситодҳои дигар навоҳӣ ва шаҳрҳо бо чунин василаҳои нақлияи тахассусӣ муҷҷаҳаз гардонида шаванд»,- афзуд Хушвахтов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.