Ифтитоҳи нахустин корхонаи муосири коркарди нафт дар ноҳияи Шаҳринав бо иштироки Э. Раҳмон

Дар ноҳияи Шаҳринав бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави коркарди нафт ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр ба кор шурӯъ кард. Тавре дафтари матбуоти сарвари Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ин корхона бо дастрас намудани навтарин намунаҳои технологияи классикии коркарди нафт аз Федератсияи Русия дар якҷоягӣ бо соҳибкорони хусусии ин кишвар аз шаҳри Томск дар 10 га замини бекорхобида […]

Азия-Плюс



Дар ноҳияи Шаҳринав бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави коркарди нафт ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр ба кор шурӯъ кард.

Тавре дафтари матбуоти сарвари Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ин корхона бо дастрас намудани навтарин намунаҳои технологияи классикии коркарди нафт аз Федератсияи Русия дар якҷоягӣ бо соҳибкорони хусусии ин кишвар аз шаҳри Томск дар 10 га замини бекорхобида бунёд ёфтааст. Барои сохтмони он 70 миллион сомонӣ сарф шудааст.

Бо иқтидори кунунияш корхона имкон дорад, ки дар як сол 100 ҳазор тонна нафти хомро коркард намуда, аз он ду навъи сӯзишвории дизелӣ (тобистона ва зимистона), бензини навъи АИ 80 ва мазути аълосифатро истеҳсол кунад.

Ояндаи наздик иқтидори корхона ба 300 ҳазор тонна дар як сол ва шумораи коргарон ба 300 нафар расонда мешавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ин кор то охири соли 2014 анҷом дода шавад.

Э. Раҳмон имрӯз дар ҷараёни сафари корияш ба ноҳияҳои Шаҳринав ва Ҳисор ҳамчунин дар ифтитоҳи як толори наву муосири варзишӣ ширкат варзид.

Чунонки зикр гардид, ин толори масоҳати умумиаш 1200 метри мукааб бо харҷи қариб 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷети маҳаллӣ бунёд ёфта, барои 22 намуди варзиш пешбинӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.