Як авлод боиси афзудани тарафдорони гурӯҳи тундрав дар деҳаи Қизил Нишон шудааст

Раиси ноҳияи Қубодиён Саъдулло Бекназаров аснои нишасти хабарӣ иброз дошт, ки боиси афзудани ҷонибдорони гурӯҳҳои экстремистӣ дар деҳаи Қизил Нишон як авлод аст, ки худро наберагони паёмбар Муҳаммад (с) меноманд. Бекназаров зимни сӯҳбаташ бо хабарнигорон гуфт:  « Мо сабабҳои гаравидани ҷавонони ин деҳаро ба Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) таҳлил карда баромадем. Муайян гардид, ки як […]

Сайраҳмон Назриев


Раиси ноҳияи Қубодиён Саъдулло Бекназаров аснои нишасти хабарӣ иброз дошт, ки боиси афзудани ҷонибдорони гурӯҳҳои экстремистӣ дар деҳаи Қизил Нишон як авлод аст, ки худро наберагони паёмбар Муҳаммад (с) меноманд.

Бекназаров зимни сӯҳбаташ бо хабарнигорон гуфт: 

«


Мо сабабҳои гаравидани ҷавонони ин деҳаро ба Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) таҳлил карда баромадем. Муайян гардид, ки як авлод ҳанӯз солҳои Шӯравӣ аз шаҳри Тошканд ба ин деҳа омадааст ва баъдан сабаби гаравиши ҷавонон ба ин ҳаракати мамнӯъи исломӣ шудааст. Намояндагони он худро авлоди ҳазрати Муҳаммад (с) меноманд. Бештари нафароне, ки ба ҲИӮ гаравидаанд, аз ҳамин авлоданд


»


.

Тибқи иттилои прокуратураи вилояти Хатлон, дар шаш моҳи соли равон 15 парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба экстремизм нисбат ба 21 нафар оғоз гардидааст. Аз ин шумор 15 нафар аз деҳаи Қизил Нишони ноҳияи Қубодиён мебошанд. Дар тайи чанд соли охир даҳҳо нафар аз ин деҳа бо ҷурми узвият ба ҲИӮ боздошт гардида, ба маҳбас фиристода шудаанд ва даҳҳо нафари дигар дар кофтуков қарор доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.