Хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Қурғонтеппа мағозаву тарабхонаҳо мекушоянд


Хоҷагиҳои моҳипарварии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ният доранд дар шаҳрҳои Душанбе ва Қурғонтеппа мағозаҳои моҳифурӯшии худро кушоянд.

Бино ба гуфтаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Акрам Сулаймонов, ҳукумати ноҳия дар якҷоягӣ бо хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Қурғонтеппа нияти кушодани мағозаҳои фурӯши моҳӣ ва тарабхонаҳои махсусеро доранд, ки дар онҳо танҳо аз моҳӣ хӯрок омода мекунанд.

«Имрӯз нархи моҳӣ дар бозорҳо боло рафтааст ва яке аз сабабҳои аслии он зиёд шудани миёнаравҳо мебошад. Дар сурати кушода шудани мағозаҳои хоҷагиҳои моҳипарварӣ харидорон имкон пайдо мекунанд, ки моҳии хушсфатро бон архи арзон дастрас кунанд», – гуфт Сулаймонов.

Ба итилоои ӯ, дар нимсолаи аввали соли равон 18 хоҷагии моҳипарвӣ 324 тонна моҳӣ парваридааст. Мувофиқи нақшаи пешбинишуда, то охири сол ҳаҷми умумии моҳӣ бояд то ба 574 тонна расонида шавад.

«Мо нақша дорем, як анънаи даврони Шӯравиро дар ноҳия зинда созем ва як рӯзро рӯзи моҳӣ эълон кунем. Яъне дар ин рӯз, агар соҳиби тарабхонаҳо ва ошхонаҳо қабул дошта бошанд, метавонанд аз моҳӣ хӯрок пазанд»,- илова кард Акрам Сулаймонов. 

spot_imgspot_img

Популярное