Вазорати адлия: Миёни ҷомеаи адвокатҳо имрӯз ҳар нафареро метавон дучор шуд

– Дар робита ба масъалаи ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи адвокатура», ки мавриди таҳия қарор дорад, аслан адвокатҳое «сарусадо» баланд мекунанд, ки сатҳи касбиашон шубҳаовар аст, – изҳор дошт зимни нишасти хабарии рӯзи 23-юми июл вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев. Ба гуфтаи ӯ, моҳияти тағйирот дар он ифода меёбад, ки давлат аз […]

Аваз Юлдошев


– Дар робита ба масъалаи ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи адвокатура», ки мавриди таҳия қарор дорад, аслан адвокатҳое «сарусадо» баланд мекунанд, ки сатҳи касбиашон шубҳаовар аст, – изҳор дошт зимни нишасти хабарии рӯзи 23-юми июл вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев.

Ба гуфтаи ӯ, моҳияти тағйирот дар он ифода меёбад, ки давлат аз сатҳи тахассусии ҳуқуқшиносоне, ки аз манфиатҳои шаҳрвандонаш ҳимоят мекунанд, огоҳ шуданӣ аст.

Муовини аввали вазири адлияи ҷумҳурӣ Абдуманнон Холиқов дар ин маврид илова намуд, ки махсус барои ин кор дар назди Вазорати адлия таъсиси Комиссия оид ба санҷиши сатҳи дониш ва тахассуси адвокатҳо дар назар аст.

«Ба ҳайати комиссияи мазкур шомил гардидани панҷ намояндаи ҷомеаи адвокатҳо, ду намояндаи Вазорати адлия, як вакили палатаи поёнии парлумон ва ҳамчунин як олими ҳуқуқшинос дар назар буда, комиссия масъалаи ба адвокатҳо додани иҷозатномаро ҳаллу фасл мекунад», – таъкид дошт Холиқов.

Ӯ мутмаин аст, ки оғози кори комиссия ба фаъолияти ба истилоҳ адвокатҳо, ки «ахиран мисли занбурӯғ баъди борон пайдо шудаанд», садд хоҳад гузошт.

«Имрӯз миёни ҷомеаи адвокатҳо ба ҳар нафаре, аз ҷумла маҳкумшудаи қаблӣ, ҳуқуқшиноси бардурӯғ ва шахси дар бораи ҳуқуқшиносӣ тасавуротнадошта метавон дучор шуд. Ин иқдомро ба ҳеҷ гунае наметавон ҳамчун кӯшиши роҳандозии назорати давлатӣ аз болои адвокатҳо унвон кард, зеро иҷозатнома барои фаъолияти адвокатиро комиссияе медиҳад, ки дар он овозҳои намояндагони Вазорати адлия ба ҳадди ақали ниҳоӣ баробаранд», – афзуд Холиқов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.