Хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Қурғонтеппа мағозаву тарабхонаҳо мекушоянд

Хоҷагиҳои моҳипарварии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ният доранд дар шаҳрҳои Душанбе ва Қурғонтеппа мағозаҳои моҳифурӯшии худро кушоянд. Бино ба гуфтаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Акрам Сулаймонов, ҳукумати ноҳия дар якҷоягӣ бо хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Қурғонтеппа нияти кушодани мағозаҳои фурӯши моҳӣ ва тарабхонаҳои махсусеро доранд, ки дар онҳо танҳо аз моҳӣ хӯрок омода мекунанд. […]

Сайраҳмон Назриев


Хоҷагиҳои моҳипарварии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ният доранд дар шаҳрҳои Душанбе ва Қурғонтеппа мағозаҳои моҳифурӯшии худро кушоянд.

Бино ба гуфтаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Акрам Сулаймонов, ҳукумати ноҳия дар якҷоягӣ бо хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Қурғонтеппа нияти кушодани мағозаҳои фурӯши моҳӣ ва тарабхонаҳои махсусеро доранд, ки дар онҳо танҳо аз моҳӣ хӯрок омода мекунанд.

«Имрӯз нархи моҳӣ дар бозорҳо боло рафтааст ва яке аз сабабҳои аслии он зиёд шудани миёнаравҳо мебошад. Дар сурати кушода шудани мағозаҳои хоҷагиҳои моҳипарварӣ харидорон имкон пайдо мекунанд, ки моҳии хушсфатро бон архи арзон дастрас кунанд», – гуфт Сулаймонов.

Ба итилоои ӯ, дар нимсолаи аввали соли равон 18 хоҷагии моҳипарвӣ 324 тонна моҳӣ парваридааст. Мувофиқи нақшаи пешбинишуда, то охири сол ҳаҷми умумии моҳӣ бояд то ба 574 тонна расонида шавад.

«Мо нақша дорем, як анънаи даврони Шӯравиро дар ноҳия зинда созем ва як рӯзро рӯзи моҳӣ эълон кунем. Яъне дар ин рӯз, агар соҳиби тарабхонаҳо ва ошхонаҳо қабул дошта бошанд, метавонанд аз моҳӣ хӯрок пазанд»,- илова кард Акрам Сулаймонов. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.