Иштироки Э.Раҳмон дар маросими расман сари мансаб омадани президенти тозаинтихоби Эрон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими расмани сари мансаб омадани раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ ширкат хоҳад варзид. Бино ба иттилои расонаҳои хабарии Эрон бо истинод ба сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст дар ҷараёни ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон ҳамчунин мулоқоти нахустини ӯ бо Ҳасани Рӯҳонӣ дар назар аст. Васоити ахбори умуми Русия итиилоъ […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими расмани сари мансаб омадани раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ ширкат хоҳад варзид.

Бино ба иттилои расонаҳои хабарии Эрон бо истинод ба сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст дар ҷараёни ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон ҳамчунин мулоқоти нахустини ӯ бо Ҳасани Рӯҳонӣ дар назар аст.

Васоити ахбори умуми Русия итиилоъ медиҳанд, ки президенти Русия Владимир Путин низ дар маросими расман сари мансаб омадани раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон ҳузур хоҳад дошт.

Гуфта мешавад, ҳукуматдорони Эрон ба ин маросим сарони кишварҳои ИМА ва Исроилро даъват накардаанд. Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Эрон Аббос Арагчӣ рӯзи сешанбе дар конфронси матбуотӣ изҳор кардааст, ки ба маросими расман сари мансаб омадани раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон, ки санаи 3-юми август пешбинӣ шудааст, сарони тамоми дигар кишварҳои ҷаҳон бо шумули Британияи Кабир даъват шудаанд.

Чанде қабл раҳбари Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ изҳор кард, ки имкони муколама бо ИМА-ро инкор намекунад, вале дар муносибат бо ҳукумати ИМА ба эҳтиёткорӣ даъват намуда, ҳукумати ин кишварро «беэътимод» хонд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.