Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими расмани сари мансаб омадани раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ ширкат хоҳад варзид.
Бино ба иттилои расонаҳои хабарии Эрон бо истинод ба сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст дар ҷараёни ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон ҳамчунин мулоқоти нахустини ӯ бо Ҳасани Рӯҳонӣ дар назар аст.
Васоити ахбори умуми Русия итиилоъ медиҳанд, ки президенти Русия Владимир Путин низ дар маросими расман сари мансаб омадани раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон ҳузур хоҳад дошт.
Гуфта мешавад, ҳукуматдорони Эрон ба ин маросим сарони кишварҳои ИМА ва Исроилро даъват накардаанд. Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Эрон Аббос Арагчӣ рӯзи сешанбе дар конфронси матбуотӣ изҳор кардааст, ки ба маросими расман сари мансаб омадани раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон, ки санаи 3-юми август пешбинӣ шудааст, сарони тамоми дигар кишварҳои ҷаҳон бо шумули Британияи Кабир даъват шудаанд.
Чанде қабл раҳбари Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ изҳор кард, ки имкони муколама бо ИМА-ро инкор намекунад, вале дар муносибат бо ҳукумати ИМА ба эҳтиёткорӣ даъват намуда, ҳукумати ин кишварро «беэътимод» хонд.



