Муҳоҷирони тоҷик барои табобати ҳамдиёрашон 200 ҳазор рубл ҷамъоварӣ карданд


Бо мусоидати Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия муҳоҷиргни кории тоҷик дар шаҳри Новосибирск барои муолиҷаи ҳамдиёри худ Манучеҳр Одинаев, ки дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар  беморхона бистарӣ гардидааст, 200 ҳазор рубл ҷамъоварӣ карданд.

Чӣ тавре ки котиби матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар медиҳад, Манучеҳр рӯзе қабл ҳангоми оббозӣ дар дарёи Об осеби ҷиддӣ дидааст.

«Худи ҳамон рӯз Манучеҳрро ба шӯъбаи ҷароҳатбандӣ ва ортопедияи пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии ш.Новосибирск меоранд. Тибқи ташхиси духтурон сар ва сутунмӯхраи Манучеҳр ҳангоми ҷаҳидан ба дарё сахт осеб дида, ба ҷарроҳии оҷилӣ эҳтиёҷ дорад. Азбаски Манучеҳр суғуртаи тиббӣ надоштааст, ҷарроҳии ӯ ба сифати шаҳрванди хориҷӣ пулакӣ анҷом дода мешавад», – иброз доштааст ӯ.

Ба қавли номбурда, дар асоси муроҷиати падари бемор Намояндагӣ дар якҷоягӣ бо раиси ҷамъияти минтақавии тоҷикони вилояти Новосибирск «Дӯстӣ» – Сияршо Абдуҷабборов бо тоҷикони минтақа мулоқот намуда, бо дастгирии онҳо дар ҳаҷми 200 ҳазор рубл маблағ ҷамъ кардаанд ва ин маблағ ба дасти падари Манучеҳр барои пардохти ҷарроҳӣ супурда шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное