Боздошти доғистониён дар Душанбе ба гумони роҳзанӣ

spot_imgspot_img

Дата:


Ба гумони даст доштани дар роҳзаниву ғоратгарӣ дар пойтахти Тоҷикистон шаҳрвандони Русия, зодагони Доғистон Феликс Гачиев, Магамедалӣ Омаров ва сокини ноҳияи Ҳисор Суҳроб Ҷалилов боздошт шуданд.

Бино ба иттилои торнамои расмии ВКД Тоҷикистон, аввали моҳи июл боздоштшудагон бо истифода аз зӯроварӣ ва таҳдид бо таппончаву корд сокини маҳаллаи Испечак-2-ро мавриди лату кӯб ва аз кисаи ӯ 100 доллари  амрикоӣ, 450 сомонӣ, як адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг», ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ва автомашинаи шахсиаш тамғаи  «Тайота-Кемри»-ро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд.

«Ҳангоми дастгир намудани ин нафарон кормандони милитсия боз ду нафар шахсони барои авбошӣ мавриди ҷустуҷӯ қарордошта, сокинони ноҳияи Ҳисор Аҳмадҷон Абдуллоеви 26-сола ва Зоиршо Расулови 28-соларо низ дастгир карданд», – зикр мегардад дар маълумоти ВКД ҶТ.  

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...