Футболбози тоҷику тими озарбойҷонӣ ба мувофиқа нарасиданд

Гуфтушуниди аз дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе ба дастаи «Азал»-и Озарбойҷон гузаштани ҳимоягар Соҳиб Сувонқулов номуваффақона анҷом ёфт. Бино ба маълумоти торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳимоятгари  дастаи мунтахаби Тоҷикистон Соҳиб Сувонқулов дар дастаи «Азал»-и Лигаи олии футболи Озарбойҷон дар давраи санҷишӣ қарор доштааст. Гуфта мешавад, футболбози 24-солаи тоҷик дар чор вохӯрии санҷишии тими «Азал» ҳунарнамоӣ […]

Аваз Юлдошев


Гуфтушуниди аз дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе ба дастаи «Азал»-и Озарбойҷон гузаштани ҳимоягар Соҳиб Сувонқулов номуваффақона анҷом ёфт.

Бино ба маълумоти торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳимоятгари  дастаи мунтахаби Тоҷикистон Соҳиб Сувонқулов дар дастаи «Азал»-и Лигаи олии футболи Озарбойҷон дар давраи санҷишӣ қарор доштааст.

Гуфта мешавад, футболбози 24-солаи тоҷик дар чор вохӯрии санҷишии тими «Азал» ҳунарнамоӣ намуда, дар як бозӣ ба задани гол ноил гардааст. «Ҷонибҳо ба имзои қарордод наздик буданд, вале аз лиҳози шартҳои молиявӣ ба мувофиқа расида натавонистанд», – қайд мегардад дар маълумоти ФФТ.

Зимнан зикр мегардад, ки чанде қабл Соҳиб Сувонқулов ба ватан баргашта, фаъолияти худро дар дастаи «Истиқлол» идома медиҳад. Дар ҳайати ин даста Соҳиб Сувонқулов ду маротиба ба унвони чемпиони Тоҷикистон шарафёб шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.