Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Ҷанбаҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот» татбиқ мешавад

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» аз моҳи июли соли 2013 бо дастгирии молиявии Бунёди миллии дастгирии мардумсолорӣ (NED) амалисозии лоиҳаи «Ҷанбаҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот»-ро оғоз кард. Мусоидат ба намояндагони созмонҳои аъзои Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ва кормандони ВАО барои ба даст овардани иттилооти дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ва маълумот дар […]

Азия-Плюс


Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» аз моҳи июли соли 2013 бо дастгирии молиявии Бунёди миллии дастгирии мардумсолорӣ (NED) амалисозии лоиҳаи «Ҷанбаҳои ҳуқуқии дастрасӣ ба иттилоот»-ро оғоз кард.



Мусоидат ба намояндагони созмонҳои аъзои Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ва кормандони ВАО барои ба даст овардани иттилооти дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ва маълумот дар бораи фаъолияти мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ мақсади асосии лоиҳаи мазкур мебошад.

Дар доираи лоиҳа нишонии электронии 

[email protected]

 роҳандозӣ шудааст, ки рӯзноманигорон метавонанд барои гирифтани ёрии ҳуқуқии хаттӣ вобаста ба масъалаҳои дастрасӣ ба иттилоот муроҷиат кунанд. Ҳамчунин дар шаҳри Душанбе қабулгоҳи ҳуқуқии ройгон фаъолият карда, ба аъзои 

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон 

ва кормандони ВАО, ки масоили шиканҷаро инъикос мекунанд, ёрии ҳуқуқӣ мерасонад.

Бино ба гуфтаи сарвари Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон Сергей Романов, ба ташкилот дархостҳо ва пешниҳодҳои зиёде оид ба эҷод шудани монеа дар дастрасии маълумот, пешниҳод кардани намунаи дархост ба мақомотҳои давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин шикоят бурдан нисбат ба амал ё беамалии шахсони мансабдор ворид мешуданд.

«Мо мехоҳем, дар робита ба масъалаҳои зикршуда машваратҳо ва ёрии ҳуқуқӣ диҳем. Ба ҷуз ин, барои ташкилотҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва намояндагони ВАО дар бораи дастрасӣ ба иттилоот давраи омӯзишӣ гузаронем».

Илова бар ин, дар ҳолатҳои нақзи 

ҳуқуқ ва озодии дастрасӣ ба иттилоот, 


барои аъзои 


Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон


 ва кормандони ВАО ҳимоятгарон таъмин карда мешаванд.

Маълумот: Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» созмони ҳомии ҳуқуқ буда, аз гурӯҳи адвокатҳои дорои иҷозатнома ва ҳуқуқшиносон иборат мебошад. Он дорои иқтидори таҳлилӣ буда, фаъолияташ ба ҳимояи манфиатҳои аҳли ҷомеа равона шудааст. Ба ин лоиҳа ҳуқуқшиносон ва адвокатоне ҷалб мешаванд, ки дар давраҳои омӯзишӣ оид ба ҳуқуқ ва ВАО иштирок кардаанд ва таҷрибаи корӣ дар масоили дастрасӣ ба иттилоот ва фаъолияти ВАО доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.