Раиси ҲНИТ ва сафири Белгия вазъи сиёсии кишварро баррасӣ карданд

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 24-уми июл бо сафири Белгия дар Тоҷикистон Даниэл Бертран мулоқот орост. Бино ба маълумоти торнамои расмии ҲНИТ, зимни мулоқот Муҳиддин Кабирӣ ба сафир роҷеъ ба вазъи кунунии сиёсии ҷумҳурӣ, равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷараёндошта дар он маълумот дод. Ҷаноби Бертран изҳор дошт, ки бо сабаби ба дигар […]

ASIA-Plus


Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 24-уми июл бо сафири Белгия дар Тоҷикистон Даниэл Бертран мулоқот орост.

Бино ба маълумоти торнамои расмии ҲНИТ, зимни мулоқот Муҳиддин Кабирӣ ба сафир роҷеъ ба вазъи кунунии сиёсии ҷумҳурӣ, равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷараёндошта дар он маълумот дод.

Ҷаноби Бертран изҳор дошт, ки бо сабаби ба дигар вазифа гузаштани ишон ин охирин мулоқоти ӯ ҳамчун сафири Белгия дар Тоҷикистон мебошад. Ӯ аз ҳамкории ҲНИТ, ба вижа ҳамкории худи Муҳиддин Кабирӣ дар тули сафирии ӯ дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.

«Ҷонибҳо атрофи масоили иштироки ҲНИТ ва нерӯҳои мухолифин дар маъракаи интихоботи президентии моҳи ноябр, озодиҳои сиёсӣ ва динӣ дар Тоҷикистон табодули назар намуда, дар ин робита Муҳиддин Кабирӣ таъкид дошт, ки фишор болои мунтақидони муътадил метавонад ба пайдоиши гуруҳҳои тундрав боис гардад», – зикр мегардад дар иттилои қарогоҳи марказии ҳизб.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.