Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 24-уми июл бо сафири Белгия дар Тоҷикистон Даниэл Бертран мулоқот орост.
Бино ба маълумоти торнамои расмии ҲНИТ, зимни мулоқот Муҳиддин Кабирӣ ба сафир роҷеъ ба вазъи кунунии сиёсии ҷумҳурӣ, равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷараёндошта дар он маълумот дод.
Ҷаноби Бертран изҳор дошт, ки бо сабаби ба дигар вазифа гузаштани ишон ин охирин мулоқоти ӯ ҳамчун сафири Белгия дар Тоҷикистон мебошад. Ӯ аз ҳамкории ҲНИТ, ба вижа ҳамкории худи Муҳиддин Кабирӣ дар тули сафирии ӯ дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.
«Ҷонибҳо атрофи масоили иштироки ҲНИТ ва нерӯҳои мухолифин дар маъракаи интихоботи президентии моҳи ноябр, озодиҳои сиёсӣ ва динӣ дар Тоҷикистон табодули назар намуда, дар ин робита Муҳиддин Кабирӣ таъкид дошт, ки фишор болои мунтақидони муътадил метавонад ба пайдоиши гуруҳҳои тундрав боис гардад», – зикр мегардад дар иттилои қарогоҳи марказии ҳизб.



