Дархости маҳбусони зиндони Хуҷандро суд қонеъ кард

Дархости маҳбусони зиндони Хуҷанд Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев дар бораи рад шудани айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи ҷиноятиашонро суд қонеъ намуд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати маҳбусон Файзинисо Воҳидова хабар дод, қабл аз оғози мурофиаи судӣ Тошев аз суд дархост намуд, ки иштироки айбдоркунандаи давлатӣ, прокурори назоратбари иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ Нусратулло […]

Мавлуда Рафиева


Дархости маҳбусони зиндони Хуҷанд Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев дар бораи рад шудани айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи ҷиноятиашонро суд қонеъ намуд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати маҳбусон Файзинисо Воҳидова хабар дод, қабл аз оғози мурофиаи судӣ Тошев аз суд дархост намуд, ки иштироки айбдоркунандаи давлатӣ, прокурори назоратбари иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ Нусратулло Рухсатуллоев рад карда шавад.

«Дархост бинобар сабаби иштироки прокурор дар истифодаи зӯроварӣ нисбати маҳкумшудагон ва беамалии ӯ зимни баррасии шикояти маҳбусон аз болои амалҳои ғайриқонунии кормандони муассисаи ислоҳии низомаш шадиди ЯС 3/3-и шаҳри Хуҷанд пешниҳод гардид», – иброз дошт Воҳидова.

Ба гуфтаи ӯ, дархост аз ҷониби судяи суди шаҳри Хуҷанд Мусулмон Шарифов қонеъ гардида, ба ҷониби айбдоркунанда ишора шудааст, ки дар ҷаласаи навбатии судӣ ҳатман иштироки айбдоркунандаи давлатии дигарро таъмин намоянд. Ҷаласаи навбатии судӣ бояд имрӯз баргузор гардад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 25-уми июл дар шаҳри Хуҷанд

мурофиаи додгоҳӣ

нисбат ба маҳбусони муассисаи ислоҳии низомаш шадиди ЯС 3/3-и шаҳри Хуҷанд Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев оғоз гардид, ки тирамоҳи соли гузашта аз Душанбе ба Хуҷанд фиристода шуда буданд.

Маҳбусон тибқи моддаҳои 332, қ. 2 (Кирдорҳое, ки кори ҷойҳои маҳрумият  аз озодиро номураттаб месозанд) ва 346, қ. 2 (Дидаю дониста расонидани  хабари бардурӯғ)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешаванд.

Пешниҳоди

маълумоти бардурӯғ ва навори видеоии сохташуда ба ВАО

ба кушодани ин парванда асос шудааст, ки дар онҳо осори лату кӯб ва шиканҷаи онҳо аз ҷониби кормандони муассисаи ислоҳӣ наворбардорӣ шудааст.

Тошев ва Ризоев дар қатори як гурӯҳ маҳбусон тирамоҳи соли гузашта пас аз марги маҳбус Ҳамза Икромзода аз муассисаи ислоҳии №1-и Душанбе ба муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.