Дар муассисаҳои ислоҳии Русия ҳудуди 7 ҳазор нафар тоҷикистониён адои ҷазо мекунанд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҶТ хабар доданд, ин шаҳрвандони Тоҷикистон асосан ба ҷурми ҷиноёти марбут ба маводи нашъаовар маҳкум шудаанд.
Бино ба маълумоти Сарраёсати мазкур, дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон 370 нафар шаҳрвандони хориҷӣ адои ҷазо мекунанд, ки асосан шаҳрвандони Афғонистону Эрон мебошанд.
Ба иттилои манбаъ, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар муассисаҳои ислоҳии кишвар 30 нафар фавтидаанд, ки ин ҳодисаҳо асосан бар асари бемории сил ва дигар амроз сурат гирифта, як маҳкумшуда ба иллати бемории рӯҳӣ ба ҳалокат расидааст.



