Баррасии масоили ташхиси лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» дар Вашингтон

Зимни нишасти хабарии рӯзи 26-уми июл вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор намуд, ки масоили марбут ба ташхиси лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» моҳҳои наздик дар ҷараёни гуфтушунидҳои навбатӣ миёни Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ дар Вашингтон баррасӣ мешаванд. «Аксари мутахассисон бар ин назаранд, ки ин лоиҳа амалишаванда аст. Корҳои барқароркунӣ дар иншоот идома доранд. Аз гуфтушунидҳо дар Вашингтон […]

Заррина Эргашева



Зимни нишасти хабарии рӯзи 26-уми июл вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор намуд, ки масоили марбут ба ташхиси лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» моҳҳои наздик дар ҷараёни гуфтушунидҳои навбатӣ миёни Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ дар Вашингтон баррасӣ мешаванд.

«Аксари мутахассисон бар ин назаранд, ки ин лоиҳа амалишаванда аст. Корҳои барқароркунӣ дар иншоот идома доранд. Аз гуфтушунидҳо дар Вашингтон мо интизорӣ дорем, ки коршиносон аз ташхиси экологӣ ва арзёбии фанниву иқтисодии лоиҳа натиҷагирӣ хоҳанд кард», – иброз дошт вазир.

Дар робита ба маблағҳои аз фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои ҶСК «НОБ Роғун» бадастомада С.Наҷиддинов иттилоъ дод, ки онҳо дар шуъбаи хазинадории Вазорати молия нигоҳдорӣ шуда, ҳамчунин 90 млн. сомонӣ ба сифати амонат (депозит) дар бонкҳои тиҷоратии кишвар ҷой дода шудаанд.

«Аз амонатҳои гузошта дар ҳаҷми 70 млн. сомонӣ аллакай фоизҳо ворид гардида, дар ин хусус ба ҶСК «НОБ Роғун» иттилоъ дода шуд. Мутобиқи тартиботи муқаррашуда онҳо ҳамроҳ бо муассисон тақдири минбаъдаи ин даромадҳоро ҳал хоҳанд кард», – зикр кард ӯ.

Бино ба маълумоти қаблӣ, маблағи умумии фурӯши саҳмия ва сертификатҳои ҶСК «НОБ Роғун» 804,7 млн. сомониро ташкил дода, як қисмате аз ин маблағҳо ба сифати амонат ба як қатор бонкҳои тиҷоратии кишвар пешниҳод шуда буд. Айни замон ҳаҷми сармояи оинномавии ҶСК «НОБ Роғун» 6 млрд. сомониро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки соли 2010 миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар бораи баргузор намудани ташхиси байнулмилалии лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» созишнома ба имзо расида, моҳи феврали соли 2011 ширкати «Poyry Energy Ltd» паймонкори доир сохтани ин ташхис интихоб шуд. Мудлати чанд сол муҳлати анҷом ташхис ба вақти дигар гузаронида мешуданд ва имсол Тоҷикистон ба анҷоми аррзёбии ташхиси лоиҳа умедвор аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.