Ҳудуди 7 ҳазор тоҷикистониён дар Русия зиндонианд

Дар муассисаҳои ислоҳии Русия ҳудуди 7 ҳазор нафар тоҷикистониён адои ҷазо мекунанд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҶТ хабар доданд, ин шаҳрвандони Тоҷикистон асосан ба ҷурми ҷиноёти марбут ба маводи нашъаовар маҳкум шудаанд. Бино ба маълумоти Сарраёсати мазкур, дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон 370 нафар шаҳрвандони хориҷӣ адои ҷазо […]

ASIA-Plus



Дар муассисаҳои ислоҳии Русия ҳудуди 7 ҳазор нафар тоҷикистониён адои ҷазо мекунанд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҶТ хабар доданд, ин шаҳрвандони Тоҷикистон асосан ба ҷурми ҷиноёти марбут ба маводи нашъаовар маҳкум шудаанд.

Бино ба маълумоти Сарраёсати мазкур, дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон 370 нафар шаҳрвандони хориҷӣ адои ҷазо мекунанд, ки асосан шаҳрвандони Афғонистону Эрон мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар муассисаҳои ислоҳии кишвар 30 нафар фавтидаанд, ки ин ҳодисаҳо асосан бар асари бемории сил ва дигар амроз сурат гирифта, як маҳкумшуда ба иллати бемории рӯҳӣ ба ҳалокат расидааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.