Маблағгузории БОР ба таҷдиди роҳҳо дар ҷануби ҷумҳурӣ

spot_imgspot_img

Дата:



Дар робита ба масъалаи маблағгузорӣ ба сохтмон ва азнавсозии роҳҳо дар қаламрави ноҳияҳои Восеъ ва Ховалинги вилояти Хатлон, Тоҷикистон бо Бонки осиёгии рушд (БОР) гуфтушунид анҷом дод.

Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов зимни нишасти хабарии рӯзи 26-уми июл дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин маврид сохтмон ва барқароркунии роҳи Восеъ-Ховалинг ва ҳамчунин таҷдиди роҳи Сайрон-Қарамиш дар марз бо Қирғизистон, ки идомаи роҳи Ваҳдат-марзи Қирғизистон мебошад, дар назар аст.

«Сохтмони ин роҳ дар марз бо Қирғизистон ба итмом расида буд, аммо барои гузоштани қишри иловагии асфалт ҷиҳати тобоварии он ба автомашинаҳои боркаши бузургҳаҷм ва беҳбуди қобилияти ҳамлу нақл, ба маблағгузории иловагӣ зарурат пеш омад», – шарҳ дод Сафаралӣ Наҷмиддинов.

Ба қавли ӯ, ин ду лоиҳа дар маҷмӯъ ба маблағи 89 млн. доллари ИМА амалӣ хоҳанд шуд, ки 70 млн. $ воситаҳои бурсии БОР ва 19 млн. $ ҳиссаи ҳукумати кишвар аст.

Вазири молияи ҷумҳурӣ ҳамчунин зикр кард, ки аз ин миқдор барои корҳои таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди восеъ-Ховалинг бо масофаи 88 километр 57 млн. доллари ИМА ва ҷиҳати дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани он пас аз анҷоми корҳо 2 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо гардида, ҳаҷми маблағи корҳои азнавсозии роҳи Сайрон – Қарамиқ бо масофаи 89 километр 32 млн. доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод.

«Сохтмони роҳ ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум дар ин ноҳияҳо ва имкони ба бозорҳои кишвар баровардани маҳсулоти тавлидёфта дар ин ноҳияҳо мусоидат намуда, баҳри рушди бахши хусусӣ сохтмони мағозаву нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ дар канори роҳ пешбинӣ шудааст», – гуфт вазир.

Дар идома ҳамчунин зикр гардид, ки то ахири сол Тоҷикистон метавонад боз 21 лоиҳаи бурсӣ ба маблағи умумии 505 млн. сомониро ба имзо расонад.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...