Ҳудуди 600 муҳоҷири кории Суғд бедаракшуда маҳсуб меёбанд

Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар вилояти Суғд Зайнура Шарифова изҳор намуд, ки 569 нафар сокинони шаҳру навоҳии вилояти Суғд бедаракшуда маҳсуб меёбанд. «Дар оилаҳои ин муҳоҷирони корӣ 714 нафар кӯдакон бесаробон мондаанд», – иброз дошт ӯ ва илова кард, ки бо ташаббуси кормандони хадамот ҷиҳати бо оилаҳояшон робита доштани ин муҳоҷирон маълумот дастрас […]

Мавлуда Рафиева


Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар вилояти Суғд Зайнура Шарифова изҳор намуд, ки 569 нафар сокинони шаҳру навоҳии вилояти Суғд бедаракшуда маҳсуб меёбанд.

«Дар оилаҳои ин муҳоҷирони корӣ 714 нафар кӯдакон бесаробон мондаанд», – иброз дошт ӯ ва илова кард, ки бо ташаббуси кормандони хадамот ҷиҳати бо оилаҳояшон робита доштани ин муҳоҷирон маълумот дастрас гардида, ошкор шудааст, ки айни замон 569 нафар сокинони вилоят муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишвар, асосан ба Русияро ихтиёр намуда, бе ному нишон шудаанд», – иброз дошт Шарифова.

Ба қавли ӯ, ҷиҳати муайян кардани макони будубоши ин муҳоҷирон аз ҷониби хадамот чораҷӯӣ шуда, ба Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ва барномаи «Жди меня» дар Хуҷанд рӯйхати ин шахсон ирсол гардидааст.

Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар вилояти Суғд, аз оғози соли равон 140 ҳазору 693 нафар (ҳамин давраи соли гузашта – 137 ҳазору 223 нафар) сокинони минтақаи шимоли кишвар, ҷумла 131 ҳазору 189 нафар (117 ҳазору 884 нафар мардон ва 13 ҳазору 285 нафар занон) бо мақсади муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишвар рафтаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар ин давра 36 ҳазору 495 нафар сокинони вилоят, аз ҷумла 30 ҳазору 990 нафар (24 ҳазору 883 нафар мардон ва 6 ҳазору 107 нафар занон) аз муҳоҷирати корӣ ба ватан баргаштаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.