Дарёфти як муҳоҷири бедаракшуда бо кӯмаки Хадамоти муҳоҷират

Нимаи моҳи июли соли равон шаҳрванди Тоҷикистон Мамарасул Камбаров ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки бародари 51-солааш, зодаи ҷамоати Россияи ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар муҳоҷирати корӣ дар вилояти Астрахани Русия қарор доштааст, бедарак шудааст. Бино ба маълумоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия, ба ҷустуҷӯи Р.Камбаров намояндагони […]

ASIA-Plus


Нимаи моҳи июли соли равон шаҳрванди Тоҷикистон Мамарасул Камбаров ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки бародари 51-солааш, зодаи ҷамоати Россияи ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар муҳоҷирати корӣ дар вилояти Астрахани Русия қарор доштааст, бедарак шудааст.

Бино ба маълумоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия, ба ҷустуҷӯи Р.Камбаров намояндагони диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони муқими ин минтақа ҷалб гардида, нахуст дар як деҳа шаҳрванди Русия хабар медиҳад, ки то чанде Раҳмат Камбаров дар назди ӯ ба сифати ёвар оид ба корҳои хоҷагӣ фаъолият дошта, сипас бар асари як муноқишае миёнашон, ӯ фирор намудааст.

«Рӯзи 25-уми июл Раҳмат Камбаров дар яке аз мавзеъҳои бӯстонсароҳои наздики шаҳри Астрахан дарёфт гардид. Айни замон ӯ дар манзили ҳамватанамон Назрӣ Хуморов қарор дорад, ки дар ҷустуҷӯи ӯ фаъолона иштирок кард», – гуфта мешавад дар иттилои намояндагии Хадамоти муҳоҷират.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба дарёфти Р.Камбаров ба бародараш М.Камбаров хабар дода шуда, ӯ тариқи қатора аллакай ба Астрахан раҳсипор гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.