Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии назди сафоратхонаи ҶТ дар Русия

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Маскав ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия баргузор шуд. Бино ба иттилои намояндаи расмии  сафоратхонаи ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод, дар кори ҷаласа аъзои Шӯро аз тамоми манотиқи Русия, ки дар он ҷойҳо ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон расман амал мекунанд, ширкат варзиданд. Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид […]

ASIA-Plus


Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Маскав ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия баргузор шуд.

Бино ба иттилои намояндаи расмии  сафоратхонаи ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод, дар кори ҷаласа аъзои Шӯро аз тамоми манотиқи Русия, ки дар он ҷойҳо ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон расман амал мекунанд, ширкат варзиданд.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ба кори ҷаласа ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла зикр кард, ки дар давраи сипаришуда Шӯро ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дӯстонаи анъанавӣ миёни кишвару мардуми онҳо, расонидани кӯмаки моддиву ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони ҳамватан, таблиғи фарҳанги ҳазорсолаи ғании тоҷикон корҳои зиёдеро ба сомон расониданд.

«Фаъолияти назарраси як қатор марказу ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз қабили «Фонди Тоҷикистон» таҳти сарварии Гавҳар Ҷӯраева, «Маркази фарҳанги тоҷикон» бо роҳбарии Хуршеда Ҳамроқулова, намояндаи масъули Иттифоқҳои касабаи муҳоҷирони корӣ Турсуной Алимардонова, маркази фарҳангиву варзишии «Согдина» таҳти сарварии Олег Сехниве ва дигарон мисоли барҷастаи ин гуфтаҳоанд», – иброз дошт ӯ.

Таъкид гардид, ки аъзои Шӯро ба муносибати ҷашни идҳои анъанавии миллӣ ва давлатии Тоҷикистон мудом чорабиниҳои гуногун созмон дода, ба ҷашнҳо дар баробари муҳоҷирони кории тоҷик, намояндагони ҳукуматҳо ва аҳолии маҳаллиро даъват мекарданд, ки ин дар навбати худ, ба наздикшавии халқҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои муҳоҷирони  кории муваққтан дар қаламрави Русия қарордошта мусоидат намуд.

А.Достиев зикр кард, ки сафорат дастгирӣ ва омодагии аъзои шӯро дар ҳалли масоили мушкилоти пайдошуда ҳам дар робита ба шаҳрвандони ҶТ ва ҳам вобаста ба муносибатҳои миёни кишварҳоро ҳамеша эҳсос мекард. «Вазъи мухолифатомез дар қазияи боздошти халабонони рус дар Тоҷикистон ва ҳамчунин рӯйдодҳои соли гузаштаи Хоруғ ба ин мисол шуда метавонанд», – таъкид дошт сафир.

Номбурда ҳамчунин афзуд, дар ин давра бархе аз аъзои Шӯро расман дар рӯйхат номнавис шуда буданду, вале дар фаъолияти он ҳеҷ саҳме нагузоштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.