Боздошти истифодаи ҳавопаймои чинии МА-60 дар Тоҷикистон

Зимни нишасти хабарии имрӯза сардори Раёсати ҳавопаймоии граждании Вазорати нақлиёти ҶТ Алишер Рустамов изҳор кард, ки айни замон истифодаи ҳавопаймоии МА-60-и истеҳсоли Чин дар қаламрави Тоҷикистон муваққатан боздошта шудааст. Ба қавли ӯ, ду ҳафта қабл дар фурудгоҳи пойтахт ин навъи ҳавопаймо ногаҳон ба замин «фурӯравӣ»-ро оғоз намудааст. Ин ҳавопаймо ба ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» […]

Пайрав Чоршанбиев


Зимни нишасти хабарии имрӯза сардори Раёсати ҳавопаймоии граждании Вазорати нақлиёти ҶТ Алишер Рустамов изҳор кард, ки айни замон истифодаи ҳавопаймоии МА-60-и истеҳсоли Чин дар қаламрави Тоҷикистон муваққатан боздошта шудааст.

Ба қавли ӯ, ду ҳафта қабл дар фурудгоҳи пойтахт ин навъи ҳавопаймо ногаҳон ба замин «фурӯравӣ»-ро оғоз намудааст. Ин ҳавопаймо ба ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» тааллуқ доштааст.

Рустамов изҳор кард: «Ин камбудии корхонаи истеҳсолкунанда аст. Дар худи Чин низ бо ин ҳавопаймо чунин ҳодисаҳо рух додаанд. Ҳозир мо чиниҳоро интизорӣ дорем, ки бояд ба сабабҳои ин ҳодиса рӯшанӣ андозанд. Танҳо пас аз гирифтани хулосаи онҳо, мо ҷиҳати минбаъд чӣ гуна корбурд кардани ин ҳавопаймо тасмим хоҳем гирифт».

Ӯ зикр кард, ки дар Чин ҳавопаймоҳои навъи МА-60 васеъ истифода бурда мешаванд. «Сухан гуфтан бобати ба ҳамаи талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ набудани ин ҳавопаймо начандон дуруст аст», – гуфт номбурда.

Ба қавли Рустамов, ин навъи ҳавопаймо дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сертификатсия нашудааст.

«Дарёфт ва харидани ҳавопаймои арзишаш баробар ба МА-60 мушкил аст. Барои харидани ҳавопаймоҳои дигар воситаҳои зиёде зарур аст», – иброз дошт Рустмов ва илова намуд, ки ҳавопаймо аз ҳисоби қарзи «Эксимбонк»-и Чин харида шудааст.

Ёдрас мекунем, ки ахири соли 2011 ширкати «Тоҷик Эйр» аз ширкати истеҳсоли ҳавопаймои «Ксянь Эйрграфт интернейшнл корпорейшн»-и Чин як адад ҳавопаймои навъи МА-60 харидорӣ намуд. Ғунҷоиши ин ҳавопаймо 65 нафар ҷойи нишаст ва дурии масофаи парвоз 1,3 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Ин имкон медиҳад, ки ҳавопаймо ҳам дар хатсайрҳои дохилӣ ва ҳам минтақавӣ мавриди истифода қарор дода шавад.

Ҳавопаймо аз ҳисоби қарзи «Эксимбонк»-и Чин харидорӣ шудааст. Тибқи қарордод миёни КВД «Тоҷик Эйр» ва «Эксимбонк», муҳлати пардохти қарз 12 солро ташкил медиҳад. Дар бораи маблағ ва фоизҳои ин қарз маълумот дода нашуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.