Ду сокини пойтахт 10 кило намакро ҳероин вонамуд карда, ба маблағи $50 ҳазор фурӯхтанӣ шуданд

Кормандони Агентии назорати воситаҳои нашъаовари назди президенти ҶТ бо гумони даст доштан дар қаллобӣ ду ҷавонмардро дар Душанбе дастгир карданд. Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар Агентӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни амалиёти махсуси кормандони раёсати сайёри оперативӣ сокини 23-солаи бекормондаи пойхатро дастгир карданд, ки аз ин шахс халтаи дорои хокаи рангаш сафед мусодира карда шуд. Дар […]

Азия-Плюс


Кормандони Агентии назорати воситаҳои нашъаовари назди президенти ҶТ бо гумони даст доштан дар қаллобӣ ду ҷавонмардро дар Душанбе дастгир карданд.

Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар Агентӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни амалиёти махсуси кормандони раёсати сайёри оперативӣ сокини 23-солаи бекормондаи пойхатро дастгир карданд, ки аз ин шахс халтаи дорои хокаи рангаш сафед мусодира карда шуд.

Дар натиҷаи таҳлили гузаронидашудаи лабораторӣ муайян гардид, ки моддаи мусодирашуда ҳероини полоишаш баланд буда, вазни умумияш 0,2598 граммро ташкил медиҳад.

Дар ҷараёни гузаронидани амалиёти иловагии фаврию ҷустуҷӯйӣ кормандони Оҷонсии зиддимухадирот боз сокини 21-солаи Душанбе, донишҷӯйи соли дуввуми Донишкадаи тарбияи ҷисмониро дастгир карданд. Ҳангоми азназаргузаронии шахсӣ аз ӯ халтаи селофании дорои 10 халтачаи бо полиэтилен печонда басташуда пайдо гардид.Дар лабораторияи Агентии назорати воситаҳои нашъаовар муайян карданд, ки моддаи мусодирашуда намаки ғизоӣ буда, вазнаш 9 килову 813 грамм аст. Кормандони ин ниҳод маълум карданд, ки дастгиршудагон ният доштанд, бо роҳи фиреб наздики 10 кило намаки ғизоиро ҳероин вонамуд карда, онро ба маблағи 50 ҳазор доллар фурӯшанд. Аз рӯйи ин далел бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, татфтиш идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.