Имрӯз сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон фармондеҳи фармондеҳии марказии ИМА Ллойд Остин III- ро ба ҳузур пазируфт.
Тавре дафтари матбуоти президенти кишвар иттилоъ медиҳад, дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Амрико, пеш аз ҳама дар соҳаҳои мудофиа ва амнияти минтақавӣ баррасӣ шуданд.
Қайд карда мешавад, ки ҷонибҳо аз сатҳ ва ҳамгироии сохторҳои марбутаи ду кишвар доир ба мусоидат ба таҳкими амну субот дар Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз хатари паҳншавии терроризму ифротгароӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҳамчунин дафтари матбуотӣ хабар медиҳад, ки генерали амрикоӣ нақши Тоҷикистонро дар нигаҳдории амнияти минтақавӣ муҳим номида, ба сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистон барои мусоидати фаъол ба барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон арзи сипос кард.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба дастгирии минбаъдаи моддию техникии воҳидҳои низомӣ ва махсуси Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯҳои сарҳадии кишвар барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон, хусусан пас аз соли 2014, сурат гирифт.



