Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҷмӯъи медалҳои хотиравӣ «Бахшида ба 200-солагии Ҷанги ватании соли 1812»-ро тӯҳфа кард.
Тавре сафорати Русия дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, маросими расмии тақдими тӯҳфа аз раисиҷумҳури Русия 31-уми июл сурат мегирад.
Тибқи иттилои манбаъ, тӯҳфаро сафири фавқуллода ва мухтори ФР дар Тоҷикистон Юрий Попов тақдим хоҳад кард.
Расонаҳои хабарии Русия иттилоъ медиҳанд, ки маҷмӯи медалҳои хотиравӣ бахшида ба 200-солагии ғалабаи Русия дар Ҷанги ватании соли 1812 дар сиккахонаи Корхонаи воҳиди федеролии давлатии «Госзнак» дар Санкт-Петербург бо миқдори кам бароварда шудаанд.
Ин баста аз медали хотиравии «Бахшида ба 200-солагии Ҷанги ватании соли 1812» ва нусхаи бист медали силсилаи медалҳои таърихии Ф.Толстой (1814-1836 годов) иборат мебошад, ки ба ҳаводиси муҳими Ҷанги ватании соли 1812 бахшида шудаанд.
Тибқи қарори Комиссияи давлатӣ оид ба омодабинӣ ба таҷлили 200-солагии ғалабаи Русия дар Ҷанги ватании соли 1812, маҷмӯи ин медалҳо бо тантана ба тамоми қаҳрамоншаҳрҳои ФР ба шарафи сипосгузорӣ аз саҳми арзандаи сокинони онҳо дар ҳимояи Ватан тақдим шуданд.



