Шаҳрванди Афғонистон бо миқдори махсусан калони канабис дар ҷануби Тоҷикистон дастгир шуд

Кормандони шӯъбаи Оҷонсии зиддимухаддарот дар ВМКБ ва Хатлон амалиёти махсусеро дар мавриди қатъ кардани гардиши ғайриқонунии мухаддарот анҷом доданд, ки дар натиҷа як шаҳрванди Ҷумҳурии Афгонистон бо 15 килограмм канабис боздошт мешавад. Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар Оҷонсӣ  иттилоъ доданд, амалиёти вижа дар маҳали Назарайвони ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон гузаронида шуда, дар натиҷаи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ […]

Азия-Плюс


Кормандони шӯъбаи Оҷонсии зиддимухаддарот дар ВМКБ ва Хатлон амалиёти махсусеро дар мавриди қатъ кардани гардиши ғайриқонунии мухаддарот анҷом доданд, ки дар натиҷа як шаҳрванди Ҷумҳурии Афгонистон бо 15 килограмм канабис боздошт мешавад.

Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар Оҷонсӣ  иттилоъ доданд, амалиёти вижа дар маҳали Назарайвони ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон гузаронида шуда, дар натиҷаи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар сокини 32-солаи Афгонистон дастгир мегардад.

«Ҳангоми азназаргузаронии шахсӣ аз боздоштшуда салафани полиэтилении дорои моддаи баромадаш гиёҳӣ ва дорои бӯйи махсус мусодира гардид. Моддаи мусодирагардида канабис буда, вазнаш 15 килову  10 грамм аст»,-зикр карданд дар ин ниҳод.

Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар мавриди ошкор кардани мансубияти дигар ашхос ба ин ҷиноят идома доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро нархи шакар дар Тоҷикистон гарон шуд?

Нархи 1 килограмми он ба 12 сомонӣ расидааст.

Пулиси Душанбе: Дар пайи 44 садама дар се моҳ 6 пиёдагард ҷон бохтаанд

Мақомот дар Душанбе амалиёти “Пиёдагард”-ро оғоз кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 66

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон қаҳрамони CAFA-2026 шуд

Ин панҷумин қаҳрамонии Тоҷикистон дар ин мусобиқа аст.

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...