Ваъдаи ҷудокунии замин ба имомхатибони Бохтар барои таъсиси хоҷагии деҳқонӣ

Зимни нишасти хабарии чанде қабл бо аҳли ҷомеа раиси ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Абдуалим Исмоилов ҷудо кардани қитъаи замин ба ҳамаи 186 имомхатиби ноҳия барои таъсиси хоҷагии деҳқониро ваъда кард. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз бахши ҲХДТ дар ноҳияи мазкур хабар доданд, ин ташаббуси раиси ноҳия ба он равона гардидааст, ки имомхатибони ноҳияи […]

Аваз Юлдошев


Зимни нишасти хабарии чанде қабл бо аҳли ҷомеа раиси ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Абдуалим Исмоилов ҷудо кардани қитъаи замин ба ҳамаи 186 имомхатиби ноҳия барои таъсиси хоҷагии деҳқониро ваъда кард.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз бахши ҲХДТ дар ноҳияи мазкур хабар доданд, ин ташаббуси раиси ноҳия ба он равона гардидааст, ки имомхатибони ноҳияи Бохтар барои таъминоти рӯзгори оилаашон бо меҳнати худ имкон пайдо намоянд.

«Дар мулоқоти раиси ноҳия бо аҳли ҷомеа, ки дар он ҳамаи 186 нафар имомхатибони масҷидҳои расман дар қаламрави ноҳия сабтиномшуда низ ширкат варзиданд, нуктаҳои асосии суханронии сарвари давлат, раиси ҲХДТ дар вохӯрӣ бо аҳли ҷомеаи кишвар рӯзи 4-уми июли соли равон мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифтанд», – гуфт манбаъ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.