Дар МОИ «Данғара» тракторҳои белорусӣ месозанд

Дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» барои роҳандозии фаъолияти корхонаи муштараки Тоҷикистону Белорус оид ба васлу баистифодадиҳии тракторҳои белорусӣ қитъаи замин ҷудо карда шудааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ хабар доданд, дар корхонаи муштараки мазкур Тоҷикистонро корхонаи мошинсозии «Тоҷиктекстилмаш» ва ҷониби Белорусро корхонаи «Минский тракторний завод» (Корхонани тракторбарории Минск) намояндагӣ мекунанд. […]

Заррина Эргашева


Дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» барои роҳандозии фаъолияти корхонаи муштараки Тоҷикистону Белорус оид ба васлу баистифодадиҳии тракторҳои белорусӣ қитъаи замин ҷудо карда шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ хабар доданд, дар корхонаи муштараки мазкур Тоҷикистонро корхонаи мошинсозии «Тоҷиктекстилмаш» ва ҷониби Белорусро корхонаи «Минский тракторний завод» (Корхонани тракторбарории Минск) намояндагӣ мекунанд.

«Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар корхонаи муштарак ба истеҳсоли трактори тамғаи МТЗ 80.1, ки бештар дар бахши кишоварзии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дорад, иҷозатнома дода шавад. Нахуст иқтидори корхона истеҳсоли 250 адад трактор ва соли 2015 то 1,5 ҳазор адад трактор дар як сол расонида мешавад», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, оғози корҳои васли тракторҳо дар корхона ахири ҳамин сол ё аввалҳои соли 2014 шурӯъ мешаванд. «Аз ҷониби Белорус технология ройгон оварда шуда, минбаъд онҳо аз фурӯши маҳсулот ҳиссаи худро хоҳанд гирифт», – гуфт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола Тоҷикистон ба харидории 800 адад техникаи кишоварзии нав эҳтиёҷ дорад. Бар асари фарсудашавӣ ва ҳамчунин гузаштани муҳлати истифода, айни замон 30-40%-и ин навъи техника корношояманд. Тибқи маълумот оморӣ, феълан дар бахши кишоварзии ҷумҳурӣ 11,7 ҳазор адад трактор ба қайд гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.