Ҳизби сотсиал-демократӣ сомонаи интернетӣ боз намуд

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон сомонаи расмии худ – http://hsdtaj.org/tj/ дар шабакаи ҷаҳонии Интернетро боз намуд. Ҳанӯз 25-уми июли соли равон раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» доир ба интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ изҳор дошта буд, ки тавассути торнамои мазкур ҳизб минбаъд шаҳрвандонро бо барнома ва андешаҳои номзади ҳизб ба мансаби президентӣ шинос хоҳад кард. […]

ASIA-Plus


Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон сомонаи расмии худ –

http://hsdtaj.org/tj/

дар шабакаи ҷаҳонии Интернетро боз намуд.

Ҳанӯз 25-уми июли соли равон раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» доир ба интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ изҳор дошта буд, ки тавассути торнамои мазкур ҳизб минбаъд шаҳрвандонро бо барнома ва андешаҳои номзади ҳизб ба мансаби президентӣ шинос хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки айни замон сомонаи ҲСДТ бо забонҳои тоҷикиву русӣ фаъол аст.

ҲСДТ соли 1998 бо номи Ҳизби адолат ва рушд таъсис ёфта буд. Таҳти номи имрӯза ҳизб 20-уми декабри соли 2002 ба қайд гирифта шудааст.

Тавре дар сомона зикр мегардад, ташаккули давлатдории сотсиалистиву демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси озодиву баробарӣ ва ҳамраъйиву адолати иҷтимоӣ ҳадафи аслии ҲСДТ мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.