Баррасии масоили ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Британия

spot_imgspot_img

Дата:


Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз роҳбари гурӯҳи дӯстии парлумони Британияи Кабир бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Лорд Вейверлиро ба ҳузур пазируфт.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар мулоқот масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи парлумонҳои Тоҷикистону Британия ва ҳамчунин суръат бахшидан ба ҷараёни фароҳам овардани заминаи қарордодиву ҳуқуқӣ миёни давлатҳо баррасӣ шуданд.

«Зуҳуров зикр кард, ки айни замон миёни Тоҷикистону Британияи Кабир лоиҳаҳои созишномаҳо дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ кардан аз пардохти андоз аз даромад ва сармоя, дар бораи ҳавасмандсозӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ва лоиҳаи қарордоди ҳамкориҳои фанниву иқтисодӣ ва илмӣ таҳия шудаанд. Дар ин робита ӯ изҳори итминон кард, ки имзо ва тасдиқи онҳо ба рушди муносибатҳои дуҷониба кишварҳо мусоидат хоҳад намуд», – гуфт Султонов.

Котиби матбуотии парлумон изҳор кард, ки ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили марбут ба афзоиши ҳаҷми муомилоти молӣ миёни давлатҳо ва табодули сафарҳои ҳайатҳои парлумонӣ низ табодули назар намуданд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...